- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
АВРУПО: Хонаи озодӣ ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!!
Сеш, 10/15/2019 - 11:53
Ҳафтаи сипаришуда, бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА дар шаҳри Варшава нишасти анъанавӣ, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёсӣ ва дар маҷмӯъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳо баргузор мешавад анҷом ёфт.
Дар ин нишаст дар баробари кишварҳои дигар аз ҷониби Тоҷикистон низ ашхоси расмию ҳолдон, мутахассисони таҷрибадида ва муассисони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, аз раванди фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Моҳиятан ин нишасти таоруфӣ барои иддае аз иштирокдорон муаррифии амалкарди кишварашон, вазъи фаъолияташон дар кишвари иқомат дар як соли сипаришуда ва дурнамои фаъолияташон дар солҳои оянда бошад, аммо барои иддаи дигар ин навъ ҳамоишот минбари ҳисобот додан бар моликону сармоягузорони худ ва майдони ҳузуру намоиши худ дар ҷомеа мебошад.
Аслан афроде, ки аз нишасту ҳамоишоти САҲА ба ҳайси минбари намоишии худ истифода менамоянд, гурӯҳу нафароне мебошанд, ки дар кишварҳои дигар бо ҷурмҳои гуногун, аз қабили таҷовус ба номус, хиёнат ба Ватан, қочоқи маводи мухаддир, қатлу куштори инсонҳо ва ё бо ҷурми фасади молӣ муттаҳам мешаванд, вале бо дастгирии доираҳои манфиатдор фаъолиятҳои худро ҷанбаи сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳизбӣ ва гуманитарӣ бахшида, дар ин ё он кишвар ва аксаран дар давлатҳои аврупоӣ паноҳгоҳ мегиранд ва дар як сол як маротиба дар ин навъ нишастҳо иштироки густарда намуда, шахси худро ҳамчун ҷабрдида нишон медиҳанд. Ва аксаран талош мекунанд, ки дар ин чанд рӯз аз худ «фаъоли сиёсӣ», «пешвои динӣ», «роҳбари ҳизбӣ», «адвакат», «рӯзноманигор», «нависанда», «шореҳ» ва чандин тахассуси дигар бисозанд ва худро ҳамчун опозитсия муаррифӣ созанд.
Агар ҳамоиши мазкурро аз диди таҳлил масъалагузорӣ намоем суолҳое пайдо мешаванд, ки посух пайдо намудан ба онҳо лозим ва ҳатмӣ мешавад, ки яке аз онҳо ин аст: Барои кишварҳои аврупоӣ чӣ лозим аст, ки ҷинояткоронро дар кишвари худ паноҳгоҳ бидиҳанд, онҳоро сарпарастӣ намоянд ва аз онҳо ҳимоят намоянд? Таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки аз нигоҳи нишондодҳои таърихӣ кишварҳои аврупоӣ ҷонибдорӣ намудан аз дуздону қаллобон, ҳаннотону садрӯяҳо ва ҷинояткорони ашадиро як усули таърихии худ дар муносибатҳои давлатдорӣ ва сиёсатҳои фароминтақавӣ медонанд. Ва ин фирқаи ҷиноятпеша яке аз авлавитҳои онҳо дар сиёсатҳои минтақавияшон мебошад.
Ба бовари аврупоиҳо дуздону ҷинояткорон яке аз тоифае ҳастанд, ки баъд аз муаммову мушкилоти зиёд ва пайгириҳои қонунӣ аз пушташон дар зиндагӣ чизе ҷуз зинда мондан ва озод будан намехоҳанд. Ва ин фирқаи ҷиноятпеша бо баҳои зиндагии худ ба ҳама кор омода ҳастанд. Ҳатто агар ба қатли модари худ бошад. Зеро онҳо мадюн ҳастанд. Таърих ҳам собит намудааст, ки ин муносибат дар сиёсатҳои Наполеон, Мусаллинӣ ва Фитлер бараъло намоён буда, онҳо аз ҷинояткорон дастаҳои махсуси таблиғотию ташвиқотӣ омода менамуданд. Масалан таъсис намудани «Фронти Туркистон» дар замони Гитлер, ки ҳадафи аслии он ба даст овардани афкори мардумони Осиёи Марказӣ дар набарди бузург маҳсуб мешуд.
Ин тарзи муносибат ҳоло дар сафи неруҳои ДОИШ дида мешавад, ки аз миёни афроди мутааллиқ ба кишварҳои Осиёи Миёна дастаи мусаллаҳи Хуросон бунёд шудааст.
Бо нигоҳдоштани афроди ҷиноятпешае, ки дар Тоҷикистон бо ҷурмҳои сангин ва ҳатто терроризм мутаҳам мешаванд фарз меравад, ки Аврупо дар садади барангехтани ҷангу низоъ дар Тоҷикистон мебошад. Зеро ҷонибдорӣ аз ҷиноятпеша, баробар ба ҷиноят аст, ки имрӯз аврупоиҳо бо пуштибонӣ аз ҷинояткорони фирорӣ худро дар сафи ҷинояткорон қарор додаанд.
Аслиддин Шарипов, рӯзноманигор