Main menu

Авфи «зарҳалин» бо фарогирии 20 ҳазор нафар маҳкумшудагон

        Ба муносибати ҷашни 25-солагии солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 октябри соли ҷорӣ Порлумони Тоҷикистон  «Қонуни авф»-ро ба тасвиб расонида, ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба он имзо гузошт. 

         Қонуни авф ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро гирифта, вале ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, зидди амнияти давлат, зиндониёни якумрӣ, онҳое, ки барои таҳқири намояндаи давлат ва истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо маҳкум шудаанд, авф нахоҳанд шуд.

         Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон шоми 25 октябр хабар додааст, ки мақомоти дахлдор бояд дар муҳлати ду моҳ қонунро пурра татбиқ намоянд.

        Додситони кулли Тоҷикистон  Юсуф Раҳмон рӯзи 25 октябр зимни муаррифии тарҳи «Қонуни авф» дар Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки ҳадафи аслии он, ба ҳаёти осоишта баргардонидани зиндониён мебошад. Ба гуфти ӯ 4 ҳазору 500 нафар, ки ба корҳои ислоҳӣ ва ҷазоҳои ғайризиндонӣ маҳкум шудаанд, авф мешаванд. Наздик ба 7 ҳазор нафар ҳам аз зиндонҳо озод мешаванд ва аз ҷумла, аз 300 зани зиндонӣ 165 тани онҳо ба озодӣ мебароянд. Ӯ ҳамчунин гуфт, он занҳое, ки то 12 сол дар зиндон буданд, сарфи назар аз маҳдудиятҳои қонун, озод хоҳанд шуд. Авф ҳамчунин нисбати ноболиғон, маълулон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ татбиқ хоҳад шуд.

         Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол 15 дафъа қонуни авфи маҳбусону боздоштаҳо қабул шудааст. Охирини онҳо дар моҳи августи соли 2016 ба муносибати ҷашни 25-солагии солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуда буд, ки бар асоси он 12 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷиноятҳои мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз