Main menu

Ҷаббори Ғаффор: «Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол аст!»

       Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана доир гардида, дар ҳамоиши мазкур масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ширкат варзиданд.

          Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷаббори Ғаффор дар назди ҳозирин бо Паёми табрикӣ  баромад карда, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.

     IMG_0694.JPG Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсия ба баргузории иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи қавӣ дорад. Дар ин иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи амалкунандаи вақт ва дигар Қонунҳои ҷумҳуриро мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор дода, таъкид намуданд, ки яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоиву сиёсии ҷомеа Қонуни асосӣ ва қонунҳоеанд, ки ба талаботи шароити замона ҷавобгӯ бошанд. Ба андешаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “мардум ба хотири амният, осоишу оромиш ва хушбахтиаш давлату ҳукумат ташкил мекунад. Ва табиист, ки сиёсату усулеро давлат дастгирӣ мекунад, ки ниёзҳои ӯро таъмин созад ва барои ҳаёту фаъолияташ шароит таъмин намояд”.         

       Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия дар идомаи баромадаш қайд кард , ки яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он  ва қонунҳо мебошад.  Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа бошад.  Дар ин замина мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ, таъмини ҳуқуқу озидиҳои шахрванд дар давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона муваффақ шавем.

       Сокинони ноҳияи Шаҳритуз низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷумҳурӣ аз  кафолатҳои конститутсионии  худ бархурдор буда, ҳуқуқу озодиҳои онҳо  ҳифз карда мешавад. Имрӯз тамоми мақсад ва фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба он равона карда шудааст, ки ҳуқуқҳои  шаҳрвандон поймол карда  нашаванд ва ҳаёти осудаву арзанда ба онҳо таъмин бошад... Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба ҳама шаҳрвандони ҷумҳурӣ новобаста  аз халқияту миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маълумот ва ғайра ҳуқуқу озодиҳоро кафолат додааст.

       Ҷаббори Ғаффор дар фароварди Паёми табрикиаш қайд намуд, ки ҳоло дар назди кишоварзони ноҳия вазифаҳои муҳим, пурра ҷамъоварӣ намудани ҳама зироатҳо,  омодагӣ ва гузаронидани кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои баланд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳа барои соли оянда меистанд.   Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолият, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон  аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.   

        Дар анҷом иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия бори дигар санаи бузурги миллӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро   барои тамоми мардуми шарифи ноҳияи Шаҳритуз самимона табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатию хонаободӣ ва барору муваффақиятҳо таманно кард.

        Ҳамзамон муовини  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Усмонзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Д.Исозода, иштирокчиёни ҳамоиш ва дар шахси онҳо кулли сокинони ноҳияи Шаҳритузро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

      IMG_0734.JPGСипас тибқи Амри иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз  Ҷаббори Ғаффор, ки аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Р.Музаффариён қироат гардид,  роҳбари ноҳия ба сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз полковники милитсия Ф.Раҳимзода ва сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шаҳритуз Д.Абдуллозода “Ифтихорнома”-и раиси ноҳия ва ба раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз С.Қурбонова, нозирони мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Шаҳритузу ҷамоатҳои деҳоти Обшорон ва ба номи Ҷ.Назаров - С. Сайфиддинов, Т.Юлдошев, И.Остонақулов  “Сипоснома”-и раиси ноҳияи Шаҳритузро  дар вазъияти ботантана супорид.

         Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони ноҳия бо манзури  барномаи ҷолиби консертӣ табъи иштирокчиёни чорабинии идонаро  болида гардониданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз