Main menu

Туҳфаи ҷашнӣ

          Дар арафаи  ҷашни 25-солагии солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз дар асоси ҳамкорӣ  ва шартномаи тарафайни шуъбаи маорифи ноҳия ва ташкилоти  байналмилалии «Международное Добрососедство» дар назди МТМУ-и №53-и деҳаи «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов 4 синфхона  ба маблағи  350000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар таъминоти синфхонаҳо бо таҷҳизоти хониш аз ҷумла мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ ва ҷевонҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор аст.

           Дар маросими кушодашавии ботантанаи  он  иҷрокунандаи  вазифаи раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор, муовини  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат муовини  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Усмонзода,  сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Д. Исозода ва намояндаи ташкилоти  байналмилалии «Международное Добрососедство» ширкат варзида, хонандагону устодон ва сокинони деҳаи «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматовро барои мавриди истифода қарор додани иморати барҳаво ва синфхонаҳои бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз табрику шодбош гуфтаанд. Сипас  аз ҷониби роҳбари ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба воситаи намояндаи ташкилоти  байналмилалии «Международное Добрососедство» ба директори генералии ташкилоти мазкур ҷаноби Вон Ли Хен, барои  ҳиссаи арзанда гузоштан дар сохтмону ба истифода додани 4 синфхонаи муосир дар назди таълимгоҳи №53 «Ифтихорнома»-и иҷрокунандаи  вазифаи раиси ноҳияи  Шаҳритуз  дар вазъияти ботантана супурда шуд.

            Сипас меҳмонон аз синфхонаҳо гӯшаи китобҳо ва  ҳунарҳои дастони моҳиру ҳунарҳои  мардумии шогирдону  устодон дидан карда, барояшон хониши аъло ва таҳсили намунавӣ таманно карданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз