Main menu

Пуштибони аз давлату Пешво мекунем.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфидератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафар карданд.

       Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва зихираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки  миллии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

    Мақсади асосии ин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама мустаҳкам намудани робитаҳои дўстӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти кишвари азизамон тибқи гуфтушунидҳо мебошад.

    Дар ноҳияи Шаҳритуз ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар доираи нақша- чорабиниҳо   бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон корҳои ободонӣ бомаром идома дорад. Дар арафаи  таҷлили 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 сохтмонаш ба итмом расида, ба фаъолият оғоз намуд. Инчунин 1 майдончаи варзишӣ дар деҳаи  Пахтаободи  ҷамоати  деҳоти  Пахтаобод ба истифода дода шуд. Бинои сеошёнаи кормандони соҳаи кишоварзӣ воқеъ дар маркази шаҳраки Шаҳритуз, Қасри фарҳанги ноҳия, толори варзишии муассисаҳои таълимии №№6, 23 аз таъмири  асосӣ  бароварда шуданд. Айни ҳол дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия корҳои сохтмонии Парчаму Нишон ва боғи фарҳангию фароғатии ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ бо суръат идома дорад. Фаъолон ва мардуми бонангу номуси ноҳияи Шаҳритуз ҳар рўзи шанбе шанбегиҳо доир намуда, баҳри ободонии ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ кору пайкор намуда, барои сазовор пешвоз гирифтани Пешвои миллат, ки дар арафаи иди Наврўз дар назар дошта шудааст омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Зеро маҳз бо хизмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат имрўз мо дар ҷомеа зиндагии  орому осуда дорему хушбахтона ҳаёт ба сар мебарем.

     Мутаассифона  ҳанўз  ҳам ашхоси бегонапараст ва манфиатбардорони хориҷӣ  мавҷуд ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита мехоханд Тоҷикистони азизу   ҷомеаи орому осиштаи моро халалдор созанд.   Тибқи ахборотҳо  як гурўҳ  силоҳбадастони ифротӣ   шаби 5 ба 6-уми ноябри соли 2019   мехостанд тариқи ҷамоати деҳоти Эсанбойи  ноҳияи Рўдакӣ,  сарҳади моро убур карда ба давлати Афғонистон гузашта раванд.   Бо кўшишу заҳматҳо ва корҳои оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳо дастгир карда шуда, айни ҳол тафтишот дар ин самт идома дорад.

     Имрўз давлати мо побарҷост ва душманони миллат наметавонанд ба мақсади нопоки худ бирасад.  Мо бояд       зиракиву  ҳушёрии сиёсиро  аз даст надиҳем. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қиммати  бузург дошта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонию имонии ҳар яки мо мебошад.

 Г. Ҷабборова,  Н Ҳайдаров, А Саидраҳмонов,  А. Фаттоҳ, Ф.Ҷурақулов  сокинони ноҳия

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз