Main menu

Шиори мо-ваҳдати миллат ва рушди давлат аст.

         6 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ  25-солагии солгарди  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ботантана таҷлил гардид.  Сокинони кишвар  ин ҷашни муборакро  бо камоли хушнудӣ  дар фазои ваҳдату якдилӣ қайд намуданд.  Мутаассифона   дар он лаҳаҳои ҷашнӣ аз шунидани хабари  гуруҳи ҳамлагарон  ба қисми сарҳадии №4 бо номи «Ишқобод»  ва куштори як нафар сарҳадбон   ва як корманди милиса  дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ  ҳама сокинони кишвар  ғамгину ғазабнок шуда, нисбати  ҳамлагарон  нафрату эътитози худро ошкоро баён намуданд.

         Аз иттилооти  ба мо дастрас гардида маълум гардид, ки 20 нафар ҳамлагарон  ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, рӯзи 3-юми ноябри соли ҷорӣ  аз мавзеи Золи Зари Давлати Исломии Афғонистон  ба воситаи убури дарёи Аму  ба ноҳияи Қубодиён гузашта, аз он ҷо тариқи нақлиёт то мавзеи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ роҳ пеш гирифта, бо мақсади ба даст овардани аслиҳаи ҷангӣ ба қисми сарҳадии №4 ҳуҷум карда, ба талафоти ҷонӣ низ сабаб гардидаанд. Аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар 15 нафари онҳо безарар гардонида шуда, панҷ нафари дигар, ки дар байнашон занон ҳам фаъолият доштаанд, зинда дастгир шуданд.  Маълум гардид, ки онҳо дастпарварону  татбиқкунандаҳои  нақшаҳои ғосибонаи ДИИШ-анду барои манфиати хоҷаҳои хориҷиашон  хиёнат ба Ватану миллат ва модари хешро барои худ  шараф меҳисобиданд.

         Дар ин рӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари корӣ дар Аврупо қарор дошта, зимни дидору вохӯрӣ  бо як қатор роҳбарони олирутбаи  ин минтақа  ба ҳуҷҷатҳое имзо мегузоранд, ки барои дар оянда инкишоф додани робитаҳои мутақобилаи судманду манфиатнок  бо давлатҳои қитъаи Аврупо мусоидат менамояд.  Дар ин рӯзҳо мутаассифона дар Прага пойтахти Чехия низ як иддаи хурди мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон бо шиорҳои зидди ҳукуматӣ  ба кӯча баромада, аз демократию озодии инсон дар Тоҷикистон ҷор мезананд.

         Бешак ин ду рӯйдоди нангин аз ҳамгироии намояндагони ҲЭТ наҳзати исломии Тоҷикистон, «Гуруҳи 24» бо ДИИШ ва дигар ташкилотҳои террористию экстремистӣ далолат намуда, эшон бо кумаки молиявии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд  бо роҳи зӯроварию ваҳшату даҳшат  мардуми  дар фазои сулҳи оромӣ бо корҳои ободонию бунёдкорӣ машғул будаи ҷумҳуриамонро тарсонида, сохти мавҷудаи давлатдориамонро  ба давлати ба номи исломӣ табдил диҳанд.

          Шикасту хунсо намудани ҳуҷуми ҳамлагарон- ҳамдиёрони  хиёнатпешаю раҳгумзадаи мо бори дигар исбот намуд, ки мақомоти қудратии кишвари мо дар якҷоягӣ бо мардуми худшиносу ватандӯст ва Пешвои муаззаму хирадмандашон  ҳамеша омодаанд аз марзу буми хеш дифоъ намуда, бо татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба зинаҳои баланду рушду инкишоф расида, ягонагию ваҳдати миллиро пойдору устувор нигоҳ доранд.

 Азизи Фаттоҳ, рӯзноманигор

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз