- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик
Чор, 11/13/2019 - 10:07
Ҳафтаи сипаригардида дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия , роҳбарони муассисаю идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он ҷумла кормандони ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз ва собиқадорони милитсияи ноҳия бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши ботантана баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор баромад карда, зимни ироаи Паёми табрикии худ аз хизматҳои содиқонаи милитсияи тоҷик баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ , пуштибонӣ аз фаъолияти ҳукумати Конститутсионӣ ва дар ҳама ҳолат таъмин намудани шароити мусоид барои кору зиндагии осоиштаи шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахусус кормандони милитсияи ноҳияву ҷумҳурӣ бо эҳтирому самият ёдовар шуд. Ӯ бо итминони комил қайд намуд, ки кормандони ниҳоди мазкур дар оянда ҳам барои таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятию низоми ҷомеа содиқона ва бо эҳсоси баланди масъулият дар назди давлат ва ҷомеа саъю талош намуда, бо кирдору рафтори некашон обрӯю эътибори милитсияи тоҷикро баландтар мебардоранд.
Дар ҳамоиш инчунин сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз, полковники милитсия Ф.Раҳимзода баромади пармуҳтаво намуда, бофтихор қайд намуд, милитсияи тоҷик дар ҳама давру замон рисолати хешро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона ба ҷо оварда, имрӯз ҳам омода аст, барои ҳифзу осоиши ҷомеа, кору зиндагии осоиштаи шаҳрвандон агар лозим шавад, тану ҷони хешро дареғ надорад.
Дар ҳамоиши мазкур ба як қатор роҳбарону кормандони милитсияи ноҳия медалу Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои идонаи Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ва ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз супурдаю тақдим карда шуд. Аз он ҷумла муфаттиши калони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритуз Матлуба Норова, бо Ифтихорномаи И.в. раиси ноҳияи Шаҳритуз, нозири бахши кадрӣ, майори милитсия Ҳусноро Додоматова, капитани милитсия Зарагул Нуралиева, сардори ШБДА дар ноҳия, подполковники милитсия Сафаралӣ Назарзода, ваколатдори калони оперативии ШВКД дар ноҳия , лейтинанти калони милитсия Абдухалил Раҳматуллозода, нозири калони минтақавӣ, майори милитсия Тоҷиддин Қандзода, сардори минтақавии №2-и ШВКД дар ноҳия, майори милитсия Вайсиддин Назиров, нозири хадамоти шиносномадиҳии ШВКД дар ноҳия, лейтинанти милитсия Ҳабибулло Азиззода ва ваколатдори калони оперативии ШВКД дар минтақаи Пахтаобод Диловар Раҳимов бо Сипосномаи И.в. раиси ноҳияи Шаҳритуз сарфароз гардонида шуданд.
Дар анҷом ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ ва саҳначаҳои дилчасп хотири иштирокчиёни ҳамоишро болида гардониданд.
“Субҳи Шаҳритуз”