Main menu

Машварати гуруҳи корӣ оиди омодагӣ ба интихобот

        Рӯзи 8 ноябр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иқдоми Комиссияи  Марказии интихобот  ва раъйпурси (КМИР)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки   масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссияи интихоботӣ ва раъйпурсии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони  муассисаҳои таълимии ноҳия, раисони маҳаллаҳо, иддае аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия машварати омӯзишӣ оиди масъалаҳои тоинтихоботӣ доир гардид.

        Раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки гуруҳи корӣ  аз Комиссияи  Марказии итихобот  ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии  раиси ниҳоди мазкур Худоёрзода Бахтиёр Табар  ба ноҳия ташриф овардаанд, то ки бо масъулони участкаҳои интихоботӣ ва фаъолони ноҳия вохӯрда,  доир ба маъракаҳои интихоботи  қарибулвуқуи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси маҳаллии вакилони халқ , равиши баргузории онҳо бо ҳозирин суҳбат намоянд.

     Сипас  раиси  КМИР-и Ҷумҳурии Тоҷикистон   Б.Худоёрзода, аъзои ҳайати гуруҳи корӣ Бегиҷон Одиназода, Ҷӯрабек Қодиров, Ҷаҳонгир Саъдизода  дар назди иштирокчиёни  ҷамъомад баромад карда, нуқтаҳои муҳимтарини омодагӣ ба интихоботи  вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси маҳаллии вакилони халқро   дар доираи қонунҳои амалкунанда  шарҳу эзоҳ дода, ҳозиринро аз баъзе тағйиротҳо дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти интихобот воқиф намуданд. Ҳамзамон гуруҳи корӣ ба пурсишҳои зерини  иштирокчиёни машварат:  «Гарави  интихоботӣ дар кадом ҳолат ба соҳибаш баргардонида мешавад?», « Оё шаҳрванди дар тафтишоти судӣ қарор дошта ҳуқуқи  иштирок дар интихоботро дорад?», «Шахси айбдоршаванда  пеш аз маҳкум шудан  ҳуқуқи  ба вакилӣ номзад пешниҳод карданашро дорад?», Узви  ин ё он ҳизб  ба комиссияи интихоботӣ  шомил шуда метавонад ? ва саволҳои дигари онҳо посух доданд.

        Дар анҷом раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба гуруҳи кории КМИР-и Ҷумҳурии Тоҷикистон    барои маслиҳату суҳбати муфидашон изҳори сипос намуда, онҳоро бовар кунонд, масъулони ба маъракаи баргузории  интихобот вобасташудаи ноҳияи Шаҳритуз   дар маъракаи омодагию баргузории интихоботи қарибулвуқуъ  дар доираи  талаботи қонунҳои амалкунанда фаълона иштироку ҳиссагузорӣ менамоянд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз