Main menu

Таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

        Дар ноҳия бо ҳидояту роҳнамоии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия омодагию баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ва 27-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ доир гардиданд. Оғоз аз 15 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бахшида ба ин чорабиниҳои бузурги умумиҷумҳуриявӣ  шиору овезаҳо насб гардида, дар саросари ноҳия корҳои ободонию созандагӣ гузаронида шуда, бо иштироки васеи шаҳрвандон бахусус ҷавонону наврасон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.

        IMG_1490_1.JPGИнчунин тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи 16 ноябр бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кӯчаи Исмоили Сомонии маркази ноҳия аз назди Маркази сафвдои Ориён то гардиши кӯчаи «Ваҳдат» роҳпаймоӣ доир гардид. Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорону табибон, ҷавонон, бонувону духтарон, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои гуногуни ноҳия, кормандони соҳаи фарҳанг ва дигар қишрҳои ҷомеаи ноҳия бо парчаму шиорҳои гуногун бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», расмҳои Пешвои миллат  фаъолона ширкат варзиданд.

         Сипас  бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Қасри фарҳанги маркази ноҳия маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбарони ноҳия, кормандони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, раисони маҳаллаҳо, ҷавонон ва аҳли ҷомеаи ноҳия ширкат варзиданд.

       IMG_1554.JPG Дар ҳамоиш нахуст раиси  ноҳия, узви Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббори Ғаффор  бо   Паёми табрикӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» баромад карда, зимни ироаи Паём аз хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи саросарии кишвар, ваҳдати милллӣ, ривоҷи корҳои бунёдкоронаю ободгарона ёдовар шуд. Раиси ноҳия зимни суханрониаш аз ҷумла чунин гуфт: “ Меҳнати ватандўстонаи сарвари давлат буд, ки 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмонро шаҳрвандони Тоҷикистон Президенти худ  интихоб карданд. Фаромўш набояд кард, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳастияшро баҳри эҳтироми муқаддасоти Ватан, бузургдошти анъана ва расму ойни ниёгон, ҳимояи манфиатҳои мардум ва худшиносиву худогоҳии аҳли ҷомеа дареғ надошт. Бо кӯшишҳои шабонарўзии сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Шукронаи ҳамин рўзҳо буд, ки мо тавонистем дасти якдигар гирему баҳри ободию гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон зери сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавем ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.“  

         Ва  идомаи  ироаи Паёми  табрикии  раиси   ноҳия  қайд   гардид,  ки Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест,  на танҳо дар ташаккулу таҳаввули  IMG_1553.JPGтаърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста намудааст. Ҳар нафаре, ки аз сарнавишти печидаи халқи тоҷик бархурдор аст, дар паҳлӯи ин шахсияти худодод фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки бидуни муболиға, ҳануз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем. Ҳар нияти некаш, ҳар суханаш ва ҳар амалаш дар тарозуи ақл чунон ҷо ба ҷо гузошта мешуд, ки реҷа ва таносуби озодӣ, хирад ва рӯҳ дар инсони ҷудогона ва халқ якхел ҳимоя гардида, ҳар қадами таърихии ӯ дар пешорӯи ҳукми таърих чунон таҳрезӣ мегашт, ки манфиати дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро дар худ таҷассум мекард. Ин равиши пайвандгар усули бунёди бинои давлатдории халқи тоҷикро  маҳкам ва қавӣ бо ҳам пайваст намуда, давлати соҳибистиқлоли тоҷикро аз тӯфонҳои вазнини ҷаҳонишавию бозиҳои дугонаю сегонаи ҷуғрофӣ-сиёсӣ ва  манфиатҳои тамаддуни олами муосир мақсаднок ҳифз намуд ва намуда истодааст.                                    

         Дар чорабинии  бошукуҳи  идона  инчунин  сардори  раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон Д.Исозода   баромад намуда, иштирокчиёни ҳамоиш ва сокинони ноҳияро бо таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона шодбош гуфта, барояшон  тансиҳатию хонаободӣ ва барору комёбиҳои беназир орзу намуд.

Сипас аҳли ҳунари ноҳия бо барномаи рангини консертӣ  ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшиданд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз