- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Конференсияи ҳизбӣ
Шан, 11/16/2019 - 17:11
Рўзи 15 ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз Конференсияи XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз баргузор гардид. Дар кори Конференсия узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, сармуҳосиби Кумитаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидаъзам Шомуродзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиев, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Баъди пешниҳод ва тасдиқи масъалаҳои ба рӯзномаи конференсия раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳомидҷон Шарофзода бо ҳисобот «Дар бораи фаъолияти КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар давраи аз моҳи майи соли 2017 то моҳи сентябри соли 2019» баромад кард.
Сипас Ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Бибисоро Турсунмуродзода оиди ҳолати молиявии КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар давраи аз моҳи майи соли 2017 то моҳи сентябри соли 2019 шунида шуд.
Дар Конференсияи XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз вакилон аъзои нави Кумитаи Иҷроия ва Комиссияи тафтишотии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз пешбарӣ ва тасдиқ намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби вакилон 28 нафар аъзои фаъоли ҳизб вакилони Конференсияи XII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб шуданд.
Дар фароварди конференсия узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, сармуҳосиби Кумитаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидаъзам Шомуродзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиев дар назди вакилон баромад карданд.
Баъд аз анҷоми конференсия Маҷлиси якуми КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз масъалаи Интихоби ҳайати нави Раёсати КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритузро баррасӣ ва тасдиқ намуд.
Сипас як қатор фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз сарфароз гардонида шуданд.
“Субҳи Шаҳритуз”