Main menu

Парчами миллӣ рамзи давлати мустақилу соҳибистиқлол

        Субҳи 24 ноябр бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Исмоили Сомонии маркази ноҳия  бо иштироки ҳамаи қишрҳои ҷомеаи ноҳия роҳпаймоӣ доир гардид.  Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, омӯзгорону табибон, ҷавонон, донишҷӯён ва даҳҳо нафар хурду бузурги ноҳия бо расмҳои Пешвои миллат,  парчами давлатӣ ва шиору овезаҳо   бо табъи болида ва шукргузорӣ аз  бахту саодати насиб гардидаашон  аз назди Маркази савдои Ориён ҷониби бозори марказӣ роҳ пеш гирифтанд.

        IMG_1569.JPGДар Қасри фарҳанги  ноҳия  бахшида ба  бисту ҳафтумин солгарди ҷашни Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши ботантана баргузор гардид. Дар ин чорбинии бошукуҳ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамотҳои шаҳраку деҳот, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва аҳли ҷомеаи ноҳия ширкат варзиданд.

         Раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор  бо Паёми табрикӣ баромад карда, иштирокчиёни ҳамоиш ва дар шахси онҳо ҳамаи сокинони ноҳияи бостонии Шаҳритузро  бо таҷлили 27-умин солгарди ҷашни Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику муборакбод намуда, ба ҳар кадомашон саломативу хушбахтӣ ва хонаи ободу рӯзгори осуда орзу кард. 

       IMG_1559.JPGӮ зимни ироаи Паём аз ҷумла чунин гуфт:  “Парчами   давлатӣ баёнгари  ҳаққи мавҷудияти миллати  соҳибдавлати тоҷик бо тамоми матонату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.

       Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳангии миллӣ ва сиёсӣ мебошад. Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.”

       Дар ҳамоиши идона намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, корманди Раёсати маорифи вилояти Хатлон Нуралӣ Азизов иштирокчиёни ҳамоиш ва дар шахси онҳо ҳамаи сокинони ноҳияи бостонии Шаҳритузро аз номи раиси вилояти Хатлон бо таҷлили 27-солагии Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шодбош гуфта, барояшон барору муваффақиятҳо таманно кард.

      Хонандаи синфи 11-и МТМУ-и №1, Гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Бандаев дар баробари табрикоти аҳли толор, дар васфи Парчам ва ситоиши Пешвои миллат шеър қироат намуд.

       Сипас директори Филармонияи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Назаров сокинони ноҳияро бо ҷашни Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта, ба раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор  дар вазъияти ботантана Сипосномаи вазири  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

       IMG_1575.JPGДар анҷом кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия  дар ҳамгироӣ бо ҳунармандони  Филармонияи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар васфи парчам суруду таронаҳо хонда, ба ҳозирин саҳначаҳои дилсачпу  ҷолиб пешкаш намуданд.

“Субҳи Шаҳритуз

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз