- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Татбиқи Паём-тақозои замон
Сеш, 01/07/2020 - 09:39
Ба наздикӣ гуруҳи тарғиботӣ таҳти роҳбарии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар робита ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо мақсади тарғибу фаҳмондадиҳии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия ба ноҳияи Шаҳритуз тариф оварданд.
Гуруҳи корӣ тибқи реҷаю нақшаи тарҳрезӣ шуда дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Х.Холматов, ба номи Т.Садриддинов, ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз ва ғайра бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯрда, оиди паҳлуҳои гуногуни Паёми Сарвари давлат суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Аз он ҷумла аз ҷониби гуруҳи корӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон Нуриддин Саид ва Ёрмаҳмадзода Шермаҳмад дар назди сокинони ноҳия ва масъулони зинаҳои гуногуни ноҳия баромад карда, муҳимтарин нуктаҳои Паёмро ба арзи иштирокчиёни мулоқоту вохӯриҳо расониданд.
Онҳо зимни суханрониҳояшон қайд намуданд, соли сипаришуда дар таърихи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт гардид. Соли 2019 аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 1, 6 фоиз суръати афзоиши воқеиии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд.
Сатҳи камбизоатӣ ба 27, 5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт. Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд.
Танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид гардиданд. Чунин корҳо гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд.
Аз ҷониби гуруҳи корӣ дастуру муроҷиати зерини Пешвои миллат ба ҳозирин гӯшрас гардид: «Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намоянд.»
Инчунин ҳайати кории тарғиботӣ зимни баромуду суханрониҳояшон таҳлилу вазифагузорӣ, эрод ва дастуру супоришҳои мушаххасу қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба пешрафту рушди минбаъдаи соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, варзиш ва ғайра шарҳу эзоҳ дода, бо муҳтавои Паём сокинони ноҳияи Шаҳритузро аз надик ошно намуданд.
Дар фароварди мулоқоту суҳбатҳо ҳайати корӣ бо роҳбарии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор аз иншоотҳои ҷашнӣ дидан карда, ба масъулон барои боз ҳам тезонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия маслиҳатҳои муфид ва дастуру супоришҳои мушаххас ироа карданд.
“Субҳи Шаҳритуз”