Main menu

Пешбарии вакилон ба ҳавзаҳои интихоботӣ

         Рӯзи 14- уми январи соли ҷорӣ дар  Қасри фарҳанги ноҳия конференсияи  13-уми КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки  210 нафар вакилон ва ширкати мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  КИ ҲХДТ  дар вилояти Хатлон  Ҳусен Саидов, муовини раиси ноҳия, аъзои КИ  ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритуз Меҳринисо Раҷабзода, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳритуз, Раҳим Музафариён  баргузор гардид.

         Нахуст   раиси  КИ  ҲХДТ   дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳ.Шарофзода баромад карда, эълон дошт, ки  рӯзномаи конференсияи 13-уми ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритуз аз масъалаҳои зерин иборат аст:

  1. Дар бораи пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, дар ҳавзаҳои интихоботии № 67 ва  № 68-и ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз
  2. Дар бораи пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халќи ноҳияи Шаҳритуз (дар  40 ҳавзаи интихоботӣ

        IMG_3352.JPG Баъди муҳокима ва масъалагузориҳо   дар  ҳавзаи интихоботии   №67  номзадии раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор ва  дар  ҳавзаи интихоботии  № 68  номзадии Бобоева Ҳусноро Довудовна, ҷонишини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз, пешниҳод шуда, оиди  ин масъала қарори конференсияи 13-уми ҲХДТ  дар  ноҳияи Шаҳритуз қабул гашт.

         Аз  рӯи масъалаи дуюм -пешбарии  40  номзад  ба  ҳавзаҳои интихоботии ноҳиявӣ оиди интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халќи ноҳияи Шаҳритуз масъалагузорӣ шуд. Бо раъйи якдилонаи вакилони конференсия ҳамаи 40 нафари ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз   номнавис шуда   дар  40 ҳавзаи нтихоботии ноҳия  пешниҳод гардиданд. Дар анҷом вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи чорабинии мазкур иштирокчиёни Конференсияи  13-уми  ҲХДТ  дар  ноҳияи Шаҳритуз қарори дахдор қабул намуданд.

“Субҳи Шаҳритуз”

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз