Main menu

Пирўзии варзишгарони шаҳритузӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ

           Рўзҳои  17-18 –уми  январи соли ҷорӣ дар шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии  Ўзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Давлатии исломии Афѓонистон аз намуди каратэ-кёкушинкай баргузор гардид, ки дар ин чорабинии сатҳи баланди варзишӣ  наврасону ҷавонони  синну соли аз 6-сола то 18-сола ва аз онҳо калонсолтар ширкат варзиданд.

        IMG_5387.JPG Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҳои ноҳияи Шаҳритуз, «Душанбе-1» ва «Душшанбе-2» давлати Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Қобили қайд аст, ки ҳайати 23 нафараи  дастаи варзишгарони наврасу ҷавони Шаҳритуз таҳти роҳбарии варзишгари маъруфу варзида Пайрави Шаҳкор нисбат ба дигар дастаҳо аз ҳар ҷиҳат бартарӣ нишон дода, дар ҷамъбаст бо ба даст овардани 8 медали тилло, 6 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ ѓолиби мусобиқаи байналмилалӣ гардида, ҷоизаи асосии чорабиниро соҳиб гардиданд.

        Хурдсолтарин иштирокчии мусобиқа Фирўзбек Сариеви IMG_5391.JPGшаҳритузӣ дар баробари пирўзӣ ба ҳама ҳарифони худ аз намуди каратэ-кёкушинкай ба гирифтани медали тилло ва камарбанди сиёҳ мушарраф  гардид.

        Мо мураббии соҳибном Пайрави Шаҳкор ва ҳамаи ҳайати дастаи  ноҳияи Шаҳритузро бо ин муваффақияти бузурги варзишиашон  самимона табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи варзишиашон барору бурдбориҳо таманно мекунем.

«Субҳи  Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз