Main menu

Озмуни «Дастархонороӣ»

        Санаи 29 январи соли 2020  мувофиқи  нақшаи кории Бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз,  озмуни «Дастархонороӣ»  бо иштироки  муовини раиси ноҳияи  Шаҳритуз Раҷабзода М,  мудирони бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  баргузор гардид.

       Дар озмуни мазкур  56 нафар кадбонуҳои беҳтарин аз тамоми гўшаву канори ноҳия ширкат варзида, маҳсулоти гунонуни нонӣ, шириниҳо, хўришҳо ва чандин намуди анвои таъомҳои миллӣ, ки аксаран қариб аз ёдҳо рафта буданд, омода ва ба маърази тамошои  иштирокчиён гузоштанд.

       Ёдовар мешавем, ки  тибқи Низомномаи озмун  бояд кадбонуҳо   дастурхони худро мувофиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ»  зебо ва камхарҷ ороиш  медоданд, ки аз ўҳдаи шартҳои озмун ба хубӣ баромада тавонистанд. 

      IMG_5616.JPG   Аз тарафи   ҳайати ҳакамон    ғолибони озмун муайян гардида, ҷамоати деҳоти ба номи  Талбак Садриддинов, сазовори ҷои аввал, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров  сазовори ҷои дуввум ва ҷамоати деҳоти «Пахтаобод» сазовори ҷои сеюм гардида, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шаҳритуз  бо диплом, сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Туҳфаҳоро муовини раиси ноҳия дар вазъияти ботантана ба ғолибон супорид.

“Субҳи Шаҳритуз”

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз