Main menu

Татбиқи Паём-кафолати ояндаи нек

       IMG_6116_0.JPGРўзи 5 феврали соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳраки Шаҳритуз бо мақсади фаҳмонидани моҳияти ҳадафҳои Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои милллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  26  декабри соли 2020 ироа гардид, ҷамъомад доир гардид. Дар чорабинии мазкур  мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, мудирони бунгоҳҳои тиббӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони маҳалла, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи ноҳия иштирок намуданд.

     Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ  муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз М. Раҷабзода оғоз намуда, қайд кард, ки дар ин ҷамъомад Мансур Олимзода,  нозири калони шўъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳузур  доранд.

      IMG_6107.JPG Сипас муовини раиси ноҳия М. Раҷабзода ба сухан баромада, қайд кард, ки таърихи 26 декабри соли 2019 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои милллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа гардид, ки раҳнамои фаъолияти минбаъдаи яксолаи ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса ва ҳар як фарди кишварро муайян намудааст.  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намудааст, татбиқи муҳтавои он  барои зиндагии шоистаи мардуми кишвар равона гардида, равандҳои демократиро дар Тоҷикистон  таквият мебахшанд.

        Ҳамин тавр муовини раиси ноҳия оиди  Паём ва ҳадафи он батафсил сухан ронда, бо муҳтавои он ҳозиринро аз наздик ошно намуд.

        IMG_6112.JPGОлимзода Мансур- нозири калони шўъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оиди муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ба масоили сиёсати давлатии милиявию иқтисодии ҷумҳурӣ бештар тавваҷуҳ зоҳир намудаанд. Ў иброз дошт, мушоҳида мегардад, ки дар Паёмҳои охир ба мушкилоти коррупсия низ эътибори ҷидди дода мешавад. Зеро коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонанд.  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишварро халалдор  намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза  бар зидди коррупсия»  25 июли соли 2005, № 100 қабулшудааст, ки аз 5 боб ва 18 модда иборат мебошад. Қонуни мазкур  ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои  ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд. Мо аҳли ҷомеа имрӯз бояд дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ амал кунем ва риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” –ро таъмин намоем.

         Сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳия Ҳисомуддин Муродов  низ зимни  баромади худ  дар такя ба Паёми декабрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, то ки барои дар амал татбиқ намудани нуктаю нишондодҳои Дастури роҳнамо, яъне ҳуҷҷати тақдирсоз бетараф набошанд ва дастаҷамъона дар корҳои бунёдкорию ободонӣ ҳиссагузорӣ намуда, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

“Субҳи Шаҳритуз”

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз