- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Мубориза бар зидди “Коронавирус”
Чор, 02/12/2020 - 14:40
“Коронавирус” яке аз вирусҳои хатарнок ва проблемаи асосии ҷаҳони имруза ба шумор меравад.
Сирояти “Коронавирус” ба оилаи вирусҳо мансуб буда, то моҳи июни соли 2019 37 намуди он муайян карда шудааст, ки ба одам, гурба, саг, паррандаҳо, ҳайвони калони шохдор зарари худро мерасонад.
Айни ҳол 2 намуди “Коронавирус” фаъол мебошад, ки инсонро гирифтори сирояти вазнини шадиди роҳи нафас мегардонад. Сироят тавассути ҳавоги, қатрагӣ, даҳону фазлагӣ ва алоқаманди ба шахси дигар мегузарад.
Нишонаҳои бемори ба зукоми муқаррари монанд буда, бо баланд шудани харорати бадан, сулфа, нафаскутоҳи, сустии умумии бадан ва дарунрави падид меояд.
“Коронавирус” вируси гузаранда буда, метавонад дар ҳолати каме беаҳамият ба одами дигар гузарад. Барои ҳамин бояд худ ва дигаронро аз он ҳифз намуд, худро солим нигоҳ дошт роҳҳои ҳифзи худ ва роҳҳои ҳифзи дигаронро бояд бо тарзҳои гуногун нигоҳ дошт:
-Ҳатман шустани дастон баъд аз сулфа зани ё атса зани, ҳангоми нигоҳубини бемор, пеш ва баъд аз тайёр кардани хурок, пеш аз хурок хурдан, баъд аз ҳоҷат кардан, вақте, ки ифлосии дастон намоён аст, баъд аз тоза кардани партовҳои ҳайвонот.
Тавсияҳои ташкилоти умумиҷаҳонии тандурусти оид ба паст кардани хатари сироятии Коронавирус ба шаҳрвандон чунин аст:
-мунтазам шустани дастон бо собун ё истифода аз маҳлулҳои безарар гардонида.
- ҳангоми сулфидан ва атса зани даҳон ва бинии худро бо даст ё рӯймолча пушонед, рӯймолчаҳои истифода шударо фавран партоед ва дастонро шуед.
-аз робитаи зич бо ашхосе, ки нишонҳои табларза ва сулфа доранд дури ҷуед.
-аз истеъмоли маҳсулоти хом ё ба таври кофӣ пухта нашудани гӯшти ҳайвонот худдори кунед.
Риоя ва таъмини бехатарии ғизо бо чунин тарз аст:
-гушти чорвои бемор ва ҳайвонҳое, ки аз бемориҳо фавтидаанд набояд истеъмол шаванд:
-барои буридани гӯшти хом ва хӯроки тайёр корду тахтачаҳои алоҳидаро истифода баред:
-ҳангоми сару кор бо ҳайвонот ва маҳсулоти гӯштӣ хилъати ҳимояви, дастпӯшак ва ниқоб пӯшед:
Пешгирии ҳар як бемори дар дасти худи мо аст .Агар ҳаммаи мо ба тозагии худ, тозагии хона ва тозагии табиатро риоя намоем, метавонем ба ҳамаи намуди бемор мубориза барем.
Т. Ғуломов Директори Маркази ташаккули
тарзи ҳаёти солими ноҳия