Main menu

Ба ҷашни истилқол бо туҳфаҳои сазовор

      Сокинони шаҳраки Шаҳритузи ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз  ва деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷўра Назаров  чун тамоми шаҳрвандони худшиносу ватандўсти мамлакат бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкориро  вусъати тоза бахшида, дар сохтану ба истофода додани иншоотҳои таъиноти гуногун ҳиссаи босазо гузошта меоянд.

      Дар шаҳраки Шаҳритуз бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саъю талоши роҳбарияти ҷамоати шаҳрак, меҳнати бунёдкоронаю шарафмандонаи сокинони бонангу ори маркази ноҳия ва дастгирии амалии кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия  гузару кўчаҳо симои тоза касб намуда, боғи фарҳангию майдончаҳои нави варзишӣ, майдони Исмоили Сомонӣ бо Нишону Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар арафаи  истифода додан қарор доранд, ба ҳусни ноҳия шукуҳи тоза зам менамоянд.

     Дар деҳаи бостонии Айвоҷ низ сохтмони муассисаи таълимии нав босуръат идома дошта, ҳамзамон мардуми деҳа ба корҳои ободонӣ низ эътибори хоса зоҳир менамоянд. Чунончи, моҳи январи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси маҳаллаи деҳаи мазкур Тўраев Тўра Мирзоевич ва  бо дастгирии моддию молиявии сокинони деҳа як дар болои наҳри назди МТМУ-и №54 пули бетонии муосир сохта ба истифода дода шуд, ки алҳол дар хизмати умум қарор дорад. Сокинони деҳа тасмим гирифтанд, барои боз ҳам ободу зебо шудани деҳа ва беҳбуди зиндагиашон тибқи нақша нуқтаҳои нави фарҳангию маиширо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

“Субҳи Шаҳритуз”

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз