- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Нишасти матбуотӣ
Душ, 02/17/2020 - 08:56
Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 13 феврал дар толори маҷлигоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз бо раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид, 30 нафар кормандони Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор доир ба натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми соли 2019 ба таври фишурда маълумот ироа кард.
Сипас журналистон аз нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» «Азия плюс», «СССР», Новий Хатлон», маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», шабакаҳои телевизионии «Синамо», «Ҷаҳоннамо» , «Хатлон» доир ба ҳифзу нигоҳубин, ободонии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, вазъи бинои таъмирталаби беморхонаи марказии ноҳия, ҳолати ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар ноҳия, корҳои омодагиҳои ноҳия ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ободонии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, роҳҳои инкишофу рушди фарҳанги миллӣ дар ноҳия, омода намудани навъҳои тухмии пахтаи серҳосил, ва амсоли инҳо саволҳо дода, аз раиси ноҳия посухҳои дақиқу боварибахш пайдо карданд. Дар фароварди чорабинӣ хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»Ҷамолиддини Усмон ба иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор барои саҳмгузориаш дар обунаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» «Сипоснома»-и ҳайати таҳририяи нашрияи мазкурро супорид.
Дар охир Сармутахассиси шуъбаи иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Баҳром Миралиев ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан ба раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор барои ташкил ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намуданӣ нишасти матбуотӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.