- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ
Пан, 02/20/2020 - 09:07
Ҳоло яке аз масъалаҳои , муҳим ки ҷомеаи ҷаҳони ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуби терроризм мебошад.Терроризм сиёсати тарсонидан, ба даҳшат афкандани халқ, аз байн бурдани сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ мебошад.Калимаи терор ё тероризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарсу ҳарос ,даҳшат мебошад.Амалиёти террористи махсусан охири асри 20 ва ибтидои асри 21 хело афзоиш ёфтааст. Аз рӯи хислатҳои иҷтимои терроризмро ба терроризми иҷтимои, динӣ, ва этникӣ тақсим мекунанд.Нишонаи асосии тероризм ин амали зуроварӣ ва даҳшатафкани, ба хотири ба даст овардани мақсадҳои сиёсии худ мебошад.
Мутаассифона дар он ҳавзаҳои ҷангии давлатҳои Сурия , Ироқ , Шому Фаластин дар қатори дигар ҷавонони гумроҳи олам ному насаби ҳамватанони худро низ мешунавем, ки боиси таассуф аст. Ҷавонони гумроҳ гӯё ба хотири ҷиҳод ,аммо дар асл барои пулу моли бедарди миён ваъдаҳои бардуруғи шахсони манфиатталабро бовар намуда, аҳли хонаводаи худро бадбахт ва ҳаёти ширини худро барбод медиҳанд.Афроди гумроҳу раҳгумзада аксаран ҷавонони синнашон аз 19 то 25-30 соларо дар бар мегиранд.Даҳштовар ва дилрешкунанда аст ,ки ҷавононе ,ки дар фазои орому осудаи кишвари азизамон ба дунё омадаанду зиндаги мекунад, боиси нигаронист, ки минбаъд ҷониби марг метозанд ва дигар барояшон ватан, забон, миллат ,падару модар муҳим набуда, балки фаъолияти террористи хушунату зӯроварӣ, ифротгарои ва қатлу куштор муҳимтару арзишмандтар мегардад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд , ки яке аз сабабҳои асоси рӯ овардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарои надоштани маълумоти кофи , паст будани сатҳи маърифату дониш ,бетафовути ба рушди минбаъдаи давлат ,ноогоҳи аз асосҳои дини Ислом ,муайян карда натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа ,нокоми ,ки дар анҷом ба ифротгарои ва ё терроризм бурда мерасонад . Имрузҳо шумораи корбарони тоҷикзабони шабакаҳои ичтимои зиёд шудааст ва шабакаҳои иҷтимои ба як воситаи муассири ташаккулдиҳандаи афкори омма табдил ёфтааст. Ҷавонони моро заррур аст ,ки дар муқобили ин ҳама истодагари намуда,муборизаи зеҳнию ақли баранд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ҷудо будан аз воқеот ва навгониҳои рӯз ғайри имкон аст .
Мо бояд шакли дуруст ва самаранок истифода бурдани шабакаҳои интернетиро ба ҷавонон омӯзонем . Яъне зарур аст ,ки бо ҷавонон бештар кор кунем ,онҳоро ба тарзи ҳаёти солим ,варзиш ,хештаншиноси ва илмомӯзи ,хондани китобҳои бадеи ,ки ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонад ,ташвиқ намоем . Ҷавононро бояд дар руҳияи ватандӯстию инсонпарвари тарбия намоем,то онҳо дар зиндаги ҷой ва мақоми худро пайдо карда,соҳиби дониши баланд гарданд .