Main menu

Азми муҳоҷирони меҳнатӣ барои ободии диёр

        Ба наздикӣ  ҳайати расмии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон  Умед Зоҳирзода ба Федератсияи Россияву Ҷумҳурии Қазоқистон  сафар намуда, дар баробари мулоқот бо масъулини иддае аз шаҳру вилоятҳои кишварҳои болозикр бо вазъи кору зиндагии ҳамдиёрони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштаамон низ аз наздик шинос шуда, бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикону соҳибкорони он ҷо низ вохўда, суҳбат намуданд. Дар ҳайати кории мазкур раиси Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳомидҷон Шарофзода низ шомил буд. Баъди бозгашт ў ба «Субҳи Шаҳритуз» таассуроти хешро аз сафари кории 8-рўзаашон иброз дошт, ки фишурдаи онро ба хонандагони арҷманд манзур менамоем.

      IMG_20200129_134818.jpgДар ин сафар, қайд намуд Ҳ.Шарофзода, - ба ҳайати 11-нафараи намояндагони вилояти Хатлон  дар баробари масъулони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, намояндаи телевизиони «Сафина» Низомиддин Исоев, раиси ноҳияи Носири Хусрав Даврон Нишонзода, муовини раиси ноҳияи Қубодиён Алиҷон Тоҷиев  низ шомил буданд. Мақсади сафари ҳайати кории вилоятӣ шиносоӣ бо ҳолати кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар мусоидат бо намояндаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери террористию экстремистӣ дошта, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоби вакилон ба парлумон   иборат буд. Инчунин мақсади дигари сафари хизматӣ аз он иборат буд, ки соҳибкорони муваффақи ватании дар  хориҷи кишвар фаъолияткунандаамон  барои саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан бахусус ҳиссагузорӣ дар самти саноатикунонии мамлакат ҷалбу даъват карда шаванд.

         Ман дар асоси нақшаи тартибдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар санаи 26-уми январи соли ҷорӣ ба шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Россия сафар намудам. Рўзи 27-уми январ бо намояндаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Юсуфҷон Набиев дар дафтари кориаш вохўрда, ўро бо нақшаи кории тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шинос кардам. То расида омадани гуруҳи кории вилоятамон мо бо  намояндаи консулгарӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ масъалаҳои ҷойхобу толор барои вохўрии намояндагони вилояти Хатлон бо муҳоҷирони меҳнатиро дар сатҳи ҳукумати шаҳр ҳаллу фасл намудем.

         Мавриди зикр аст, ки дар рўзи 28-уми январ барои ташкил ва  дар сатҳи баланд  баргузор намудани  чорабиниҳо ва мулоқот бо муовини раиси шаҳр, вазирони соҳаи саноат ва хоҷагии қишлоқ, муовини вазири  алоқаи байналхалқӣ ва иқтисоди берунии вилояти Свердлов, инчунин муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Беҳрўзҷон ном намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Россия  саҳми босазо гузоштанд. Дар вохўрӣ бо намояндагони вилояти Хатлон бисёр муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонии дар ҷодаи соҳибкорӣ муваффақ  низ  даъват шуда буданд.

       Дар мулоқоту суҳбатҳои рў ба рў роҳбари намояндагони вилояти Хатлон Умед Зоирзода муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони муваффақи дар муҳоҷират қарор доштаро бо Барномаи гуруҳи корӣ, инчунин имтиёзҳои нисбати соҳибкорон муқаррар намудаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти воридоти технология ва таҷҳизоти техникӣ бо мақсади рушди соҳаи саноати мамлакат, инфрасохтори деҳаҳо ва ғайра ошно намуд.

       Соҳибкорони  тоҷикистонии дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта  низ даъват барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободию бунёдкории Ватани азизашонро хуш қабул  намуда, ваъда доданд, ки барои рушду шукуфоии Меҳани азизашон амалан ҳиссагузорӣ менамоянд.

          Чунончи, соҳибкори муваффақи тоҷик Раҳимбек Мунавваров (бародари  сардори ҶДММ  «Дук»-и ноҳияи Шаҳритуз Додарбек Мунавваров-шарҳи идора.) ваъда дод, ки дар ноҳияи Шаҳритуз дар заминаи корхонаи бародараш корхонаи истеҳсоли макаронро бо технологияи замонавӣ ташкил хоҳад кард ва дар баробари ин барои сохтмони бинои ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  саҳмгузорӣ менамояд.

        Дар рафти сафар ва вохўриҳо бо зодаи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматови ноҳияи Шаҳритуз  Завқибек Боронов, ки алҳол дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Екатеренбург кор мекунад, ҳамсуҳбат шудам, -гуфт  Ҳ.Шарофзода ва афзуд: - Ў  дар даврони шўравӣ дар корҳои сохтмонии трести Бешкентводстрой фаъолият намуда будааст. Ба таклифи мо дар бобати саҳмгузориаш дар рушди  соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ў аз фаъолияти корхонаи сангу шағали собиқ, воқеъ дар болотари деҳаи Лочин Нурови ноҳияи Шаҳритуз  ёдовар шуд, ки бо номи «Шебёнзавод» машҳур будааст. Завқибек иброз дошт, ки ў шахсан дар он корхона кор намудааст ва маҳсулоти дар он минтақа истеҳсол карда мешуда сифати аъло дошта, барои роҳсозӣ ва сохтмони биноҳои баландошёна  дар Федератсияи Россия ба чунин маҳсулот эҳтиёҷ хеле зиёд мебошад. Боронов таъкид намуд, агар имкон даст диҳад, онҳо намояндаи ширкати сохтмониашонро ба мавзеи мазкур бурда,  таркибу сифату миқдори санги дар ин мавзеъ мавҷударо санҷида мебинанд. Агар сифату таркибу миқдори санги он мавзеъ ба масъулони ширкати россиягӣ писанд ояд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз он мазеъро барои сохтани завод иҷозат диҳад, З.Боронов бо роҳбарони худ барои сохтани заводи сангу шағал дар он мавзеъ тасмим хоҳанд гирифт. Ва табиист, ки бо тавлиди корхонаи мазкур  теъдоди зиёди ҳамдиёрони мо ҷои кори доимӣ пайдо карда, ба буҷаи ноҳия ҳам маблағи муайян ворид мешавад. Завқибек инчунин  ваъда дод, ки дар сохтмони бинои ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  саҳми босазо мегузорад.

       IMG_20200131_154253.jpgҲ.Шарофзода қайд намуд, ҳамин тавр соҳибкори  дигари шаҳритузӣ Зокир Қурбонов, ки дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Россия қаҳвахонаи барҳавои шахсие сохтаю онро бо ҳисси баланди ватандўстӣ «Кафе Шахритус» ном гузоштааст, низ омода аст, дар корҳои ободонии  ноҳияамон  аз худ нишону нақши неке ба ёдгор гузорад.

     Хулоса аз нигоҳи намояндаи ноҳияи Шаҳритуз Ҳомидҷон Шарофзода сафари хизматии намояндагони вилояти Хатлон бобарору  судманд анҷом ёфта, умед аст, бо ҳиссагузории ҳамдиёрони бо нангу  номуси дар муҳоҷират қарор доштаи тоҷику тоҷикистониамон корҳои бунёдкорию ободонӣ ба истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равнақу ривоҷи тоза касб менамояд.

“Субҳи Шаҳритуз”

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз