- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Азназаргузаронии омодагии техника ба кишти баҳорӣ
Пан, 02/20/2020 - 09:51
14 феврали соли ҷорӣ гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи таъмир ва тайёрии техникаҳо ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2020» таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур, сардори шуъбаи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии вилоти Хатлон Аюбхон Баҳодуров ба ноҳия ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ва дигар шахсони масъули ноҳия бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, тайёрии техника ва омодагии кишоварзон ба мавсими кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои ҳамаи 5 ҷамоати деҳоти ноҳия аз наздик шинос шуданд.
Аз шиносоӣ бо техникаи дар хати тайёр гузоштаи хоҷагиҳо маълум гардид, ки аз 591техникаи хоҷагии қишлоқи дар ноҳия мавҷуд буда, аксари онҳо дар ҳолати омодагӣ ба кор қарор дорад. Аз он ҷумла то рўзи азназаргузаронӣ 140 адад трактори байниқаторӣ, 285 адад нақлиётӣ, 52 адад тухмипошак ба кишту кори баҳорӣ омода буд.. Зимни суҳбат бо «Субҳи Шаҳритуз» муҳандис-назоратчии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии ноҳияи Шаҳритуз З.Мирзомуродов иброз дошт, ки кишоварзони ноҳия мақсад доранд, дар соли ҷорӣ бо истифодаи техникаи мавҷуда дар майдони 5344 га кишти пунбадонаро, ки нисбат ба соли гузашта 94 га зиёд мебошад, дар муҳлати муқаррар гардида ва бо сифати баланд анҷом диҳанд
Ҳангоми натиҷагирӣ гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар баробари қайди муваффақиятҳо камбудию норасоиҳоро ҳам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру маслиҳатҳои мушаххас ироа карданд.
“Субҳи Шаҳритуз”