Main menu

Мулоқоти Ҷаббори Ғаффор бо соҳибкорони ноҳия

         Дар санаи 29 феврал тибқи ҷадвали тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  мулоқоти кории иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор бо соҳибкорони ноҳияи Шаҳритуз баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини аввали раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳудуди ноҳия, иддае аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.

      IMG_7089.JPGНахуст раиси ноҳия дар назди ҳозирин баромад карда, қайд кард, ки  дар ноҳия ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои ободонию бунёдкорӣбо суръат идома дошта, ҳамаи  сокинони ноҳия  аз он ҷумла соҳибкорон ва дигар қишрҳои ҷомеа низ  дар рушди ноҳия, омода намудани иншоотҳои таъиноти гуногуни ҷашнӣҳиссаи босазо гузошта меоянд.  Бо таъкиди роҳбари ноҳия гарчанде корҳои бунёдкорию ободонӣдар саросари ноҳия босуъат идома дошта бошад ҳам раванди корҳои банақшагирифта шуда  қаноатбахш набуда, ҳама қишрҳои ҷомеа бахусус соҳибкорони муваффақу ватандўсти ноҳияро лозим меояд, барои бунёду дар хизмати аҳли ҷомеа вогузор намудани корхонаҳои истеҳсоли иншоотҳои муҳим  ва ғайра  камари ҳимматро маҳкамтар баста, хизмати софдилонаю беғаразонаашонро аз халқу миллат ва давлат дареғ надоранд.

         Дар навбати худ соҳибкорони муваффақи ноҳия аз қабили Саддод Низомов, Қандил Ҳайдаров, Додарбек Мунавваров, Хайрулло Асроров, Зулфиқор Ҳафизов, Абдурабӣ Музаффаров, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии «Шифо», «Элъёр» Наргиз Шомансурова, Хотира Юсупова ва дигарон  зимни баромаду суханрониашон иброз доштанд, ки дар самти сохтану ба истифода додани меҳмонхонаю кўдакистони муосир, мағозаи армуғон, сехҳои коркарди шир ва истеҳсоли макарон  биноҳои таъиноти  иҷтимоӣ ва ғайра ҳиссагузорӣменамоянд.

          Менеҷери Филиали ҶСП ТАҚХ  «Имонинтернешнл» Додарҷон Нуъмонов, директори филиали ҶСП ТАҚХ   ҲУМО дар ноҳияи Шаҳритуз Комилҷон Тағоев,  масъули Лоиҳаи нави Фонди Оғохон Нигина Тоҷиева аз имкониятҳои молиявии ташкилотҳои болозикр ёдовар шуда, соҳибкоронро даъват намуданд  аз маблағҳои қарзи  бонкии онҳо бо фоизҳои муфиду дастрас барои фаъолияти соҳибкориашон  истифода бурда, дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия ҳиссагузорӣнамоянд.

         IMG_7107.JPG Чунончӣ, GEFF  Тоҷикистон  дар ҳамкорӣбо Иттиҳоди Аврупо ба воситаи филиали ҶСП ТАҚХ   ҲУМО дар ноҳияи Шаҳритуз грантҳои сармоягузорӣпешниҳод мекунад, ки арзиши он 20 фоиз ё 30 фоиз аз маблағи қарз буда, ба деҳқонон ва агробизнес пешкаш карда мешавад. Ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣдар доираи Лоиҳаи «Дастгирии молиявии технологияҳои сабз» ба соҳибкорон ва ашхоси хоҳишманд барои таъсиси боғҳо дар нишебиҳо боғҳои интенсивӣ,  бунёди сардхонаҳо, ба роҳ мондани систесмаи обёрии қатрагӣхариди техникаи кишоварзӣ-30 фоизӣгрант ва барои хариди қубурҳои пластикӣбарои обёрӣ, таҷҳизоти коркарди маҳсулоти кишаоварзӣ, насосҳои обии ҳозиразамон, таҷҳизоти гармхонаҳо -20 фоизӣгрант муқаррар намудааст. Филиали ҶСП ТАҚХ   ҲУМО дар ноҳияи Шаҳритуз барои фаъолияти соҳибкорӣдар соҳаи хоҷагии қишлоқ  ба маблағи то 500 ҳазор сомонӣ қарз бе гарав ва бе кафолатдеҳ бо фоизҳои муфид ба муҳлати 36 моҳ ё худ 3 сол  додан имкон дорад.

           Дар фароварди мулоқот иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор қайд намуд, ки бешак мулоқоти мазкур ба соҳибкорони ноҳия барои дар корҳои ободонию бунёдкории ноҳия саҳми бештар гузоштан таккони ҷидӣбахшида, имкон медиҳад, мардуми сарбаланду шарафманди ноҳияи Шаҳритуз дар ҳама самтҳо ҷашни бузурги  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бомуваффақият ва бо   дастовезҳои арзандаи меҳнатӣистиқбол гиранд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз