- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд
Ҷум, 04/10/2020 - 01:25
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст.
Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 18 феврали соли 2020 қонеъ карда шудааст.
Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст.