Main menu

Конференсияи ҳисоботӣ- интихоботӣ

         14 апрели  соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз  Конференсияи ҳисоботӣ- интихоботии  Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз баргузор гардид. Конференсияро раиси ноҳия  Ҷаббори Ғаффор ифтитоҳ намуда қайд кард, ки аз 95 вакили интихобшуда ҳамаашон иштирок доранд. Ҳамзамон раиси ноҳия иброз дошт, дар кори конференсия муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Амиршо Раҳимов ва котиби Шўрои мазкур Фақир Саъдуллоев низ  ҳузур доранд.

       Бо пешниҳоди вакил А.Раҳмонов ҳайати котибот аз 3 нафар-сармуҳаррири рўзномаи ноҳиявӣ А.Фаттоҳ, директории МТМУ-и №1 М.Тўраева ва мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия М.Анварӣ дастгирӣ ёфтаю тасдиқ гардид.  Сипас бо пешниҳоди раиси ноҳия  ва тасдиқи вакилони конференсия масъалаҳои зерин ба рӯзномаи  чорабинӣ шомил гардид:

  1. Ҳисоботи раиси ноҳиявии  Шӯрои  Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
  2. Интихоби раиси ноҳиявии Шӯро, муовин ва котиби Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
  3. Интихоби ҳайати нави аъзои Шӯрои ноҳиявӣ
  4. Интихоби раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия

           Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома раиси ноҳияи  Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор баромад карда, зимни суханрониаш аз таърихии сиёсии мамлакат алалхусус  баргузории рӯйдоди сарнавиштсози таърихӣ- Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум), хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таъмини сулҳу салоҳ дар кишвар ва сарҷамъ намудани миллат, аз нобудӣ раҳонидаи мамлакат батафсил сухан ронд.

        IMG_0148_0.JPG Роҳбари  ноҳия дар идомаи баромади хеш аз ҷумла  чунин  таъкид намуд: « Бо дастгирии бевоситаи халқи Тоҷикистон тақдири ояндаи давлат бар уҳдаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор карда шуд. Ў ҳамчун  роҳбари ояндабин тавонист вазъияти ноороми солҳои пурошўб ва минбаъд рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намуда, мардуми Тоҷикистонро ба Рўзи Ваҳдати миллӣ расонад….Пешвои тоҷикон бо шердилию ҷасорати худ ваҳдати ба даст омадаро ба оламиён нишон дод.»

          Баъд аз ироаи ҳисоботи пурмуҳтавои Ҷаббори Ғаффор   мудири шуъбаи маорифи ноҳия Н. Муроталиев, сардухтури  беморхонаи марказии ноҳия З.Ҷаҳонгирзода ба музокира баромада, фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  дар ноҳияи Шаҳритузро мусбат ва қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Пас аз натиҷагирии масъалаи болозикр  аз ҷониби иштирокчиёни  конференсия масъалаи дуюм - Интихоби раиси Шӯро, муовин ва котиби Ҳаракат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вакил Н.Табаров, пешниҳод кард, ки Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия, раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия, М.Раҷабзода, муовини раиси ноҳия –муовини раиси Шӯро ва С. Лоиқов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, котиби Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз интихоб карда шаванд. Пешниҳоди мазкур  аз ҷониби вакилон якдилона дастгирӣ ёфт.

           Вакилон тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи  конференсия- Интихоби ҳайати нави аъзои Шӯрои ноҳиявӣ, бо пешниҳоди вакил У.Примов ҳайати Шӯрои навро, ки  аз    17 нафар иборат аст, дастгирию тасдиқ намуданд.

          Аз рӯйи масъалаи чоруми рӯзнома бо пешниҳоди вакил Н.Раҳматов ва тасдиқи якдилонаи вакилон Исроил Зоѓаков раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз  интихоб гардид.

        Сипас  муовин ва  раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Амиршо Раҳимов ва Фақир Саъдуллоев дар назди вакилон ва иштирокчиёни Конференсияи ҳисоботӣ- интихоботии  Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз баромад карданд.

            Дар    анҷом  Ҷаббори Ғаффор ба ҳамагон барои иштироки фаъолонаашон дар баргузории кори конференсияи болозикр изҳори сипос намуда, дар корҳои ояндаашон ба нафъи давлату миллат барору комёбиҳо таманно кард.

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз