Main menu

“ Таронаи Ваҳдат “

            Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалтӣ, Раҳмон, пайваста таъкид менамоянд, ки «Дар замони  ҷаҳонишавӣ, он миллте ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки шаҳрвандонаш дар руҳияи хештаншиносию меҳанпарастӣ, тарбия ёфта дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, саҳзмгузор бошанд ва ба осори ниёгон арҷ гузоранд».       

         IMG_0123.JPGҲафтаи  ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Фестивал-озмуни ҷумхуриявии ансамблҳои тарона ва рақс  таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» бахшида ба 5500 солагии шаҳри Саразми бостонӣ доир гардид, ки дар он ҳунармандон асарҳои эҷоднамудаи худро бо истфода аз истеъдоду ҳунари дасти хеш ба таври зинда пешкаши тамошобинон гардониданд. Ҳама сурудаҳо паҳлуҳои гуногуни таърихию фарҳангии аз ниёгонамон ба мо мерос мондаро дар бар гирифта манзараҳои бошукуҳи таърихи куҳан доштани Саразми бостониро дар оинаи фарҳанги имрӯза  инъикос мекард.   

        Фестивал-озмуни мазкурро аз Раёсати фарҳанги вилоят Ризоев Муҳаммад намояндагӣ, намуда ба он нафароне, ки иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода   ҳунарнамоӣ нишон дода буданд ҷиҳати дар сатҳи баланди эчодӣ гузаронидани озмун минатдорӣ баён намуда кайд доштанд, ки арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, равнақ додани самтҳои ҳидоятгари сиёсати давлатдорӣ, қадршиносии ёдгориҳои қадима ва осори бузурги пурғановати миллат аз хештаншиносию ватандустӣ сарчашма гирифта дар вуҷуди шаҳрвандони содиқи ҳар давлату миллат дарахти меҳри ватанро пурбору бар месозад.

           Дар фарҷоми барнома баҳри хизматҳои назарраси аҳли ҳунар ва фарҳангчиён директори  Қасри фарҳанги ноҳия Шамбиева Шакармалик бо ифтихорномаи Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон қадрдонӣ  карда шуд.

“Субҳи Шаҳритуз

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз