- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Нақши Рустами Эмомалӣ дар таҳкими ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Шан, 04/18/2020 - 09:40
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъди ва пайгири намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳануз дар рузҳои аввали ҳамчун ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе таъин шуданашон як қатор қарору фармоишҳо қабул гардидаанд, ки онҳо ба фаъол намудани соҳибкорону шахсони саховатпешша асос гузоштанд.
Аз рузҳои аввали фаъолияташ ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе ин ҷавони пурғайрату бошуҷоъ дар ҷо ба ҷо гузории кадрҳои болаёқату кордон эҳтибори аввалиндараҷа гузошта бахусус ҷавонони болаёқатро дар корҳои роҳбарикунанда таъин намуданд.
Таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе чандин муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фаҳангӣ бунёд гардида ба истифода дода шуданд. Ҳамаи боғҳҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе аз нав барқарор карда шуда хиёбону кучаҳои шаҳри Душанбе аз нав бунёд гардида роҳравҳои он гулу гулзор гардонида шуданд. Таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе зиёда аз 250 адад варзишгоҳҳо барои ҷавонон ва наврасон сохта ба истифода дода шуданд, ки барои тарбияи ҷавонону наврасони имрузаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Дар давоми 3 соли охир шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои беҳтарини ҷаҳон табдил дода шуд.
Мардуми шаҳри Душанбе алалхусус халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар карданд, ки Ҳукумати шаҳри Душанбе устувор гардидааст ва он қодир аст амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.
Таҷрибаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷидди рў овардан ба нақшҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Ин раванд арзишманди таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии давлатамон иртиботи ногусастани дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдори мусоидат намуда неруҳои солиму пешбарандаро бо тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.
З. Ҷурабоев Собиқадори меҳнат