- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Безараргардонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории «COVID-19»
Сеш, 04/21/2020 - 08:59
Имрўзҳо бо мусоидату роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз оиди пешгирии бемории корновирус (COVID-19) ДАР саросари ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ (дезенфексия) бо низоми муайян идома дорад. Дар ин бобат аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитари эпидемиологии ноҳия (роҳбараш У.Юсупов), шуъбаи дезенфексияи профилактикии ноҳия (директораш К.Нуридинзода), Маркази мубориза бо бемориҳои тропикии ноҳияи Шаҳритуз корҳои муайян ба сомон расонида мешавад.
Чунончи то 18 апрели соли ҷорӣ таҳти роҳбарии сартабиби МНДСЭ-и ноҳия Умар Юсупов ва мудири шуъбаи дезенфексияи профилактикии ноҳия Камолиддин Нуридинзода ва заҳмату кўшиши шабонарўзаи дорупошони шуъбаи мазкур Мустафо Ҳазратқулов ва Намоз Ниёзматов дар ноҳия 50 мағоза, 54 муассисаи таълимӣ, 7-то кўдакистон, 48 масҷид, 25 ошхона, 10 нуқтаи фурўши сўзишворӣ, боғи марказӣ якчанд муассисаҳои табобатию корхонаҳо, 50 сартарошхонаю дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ , инчунин 300 хонаю ҳавлиҳои ашхоси камбизоату эҳтиёҷманди ноҳия дар масоҳати аз 6 ҳазор метри мураббаъ то 57 ҳазору 722,9 метри мураббаъ ба воситаи истифодаи гипохлориди калсий безарар гардонида шуданд.
Ҳамин тариқ, кормандони Маркази мубориза бо бемориҳои тропикии ноҳия таҳти роҳбарии сарвари ин муассиса Даврон Нажмиддинов рўзҳои аз 4-ум то 18-уми апрели соли ҷорӣ дар манзилҳои сокинони деҳаҳои Айвоҷу Утанободи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров бо истифодаи 58,1 кг маводи гипохлориди калсий масоҳати 37 ҳазору 744 метри мураббаъро безарар гардонида, бо 1690 нафар шаҳрвандон оиди пешгирии бемориҳои коронавирус (COVID-19) мониторинг ё худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Қобили қайд аст, бо роҳбарии директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия Тошмурод Ғуломов низ кормандони ин муассиса дар маҳалҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохўрда, тавассути суҳбату интишори варақаҳои гуногун, чопи матлабҳои зарурӣ дар рўзномаи ноҳиявӣ вобаста ба пешгирии ин вабои аср корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзўр менамоянд.
“Субҳи Шаҳритуз