- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Сазовор будан ба эътимоду эътиқоди Пешвои муаззами миллат!
Сеш, 04/21/2020 - 15:53
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти комили худ аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки дар давраи начандон тӯлонӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро устувор намуда, обрӯву эътибори хоссаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст.
Ба даст овардани Истиқлолият, Озодӣ ва Сулҳу Ваҳдат ин яке аз дастовардҳои беназир барои Тоҷикистон ва тоҷикистониён, инчунин барои миллати тоҷик дар тӯли таърих мебошад.
Муҳимтарин неъмати инсонӣ, ин кафолати сулҳу субот, озодӣ ва рушду пешравии бемайлони давлат мебошад, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолу маҳбуби мо бо сокинонаш ин неъмати худододиро соҳиб гаштааст. Ин дастовардҳои бузурги миллат бо кӯшишу заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.,
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш барои миллати сарбаланди худ, ки дар ҳолати парокандагиву Ватан дар ҳолати нест шудан қарор дошт ваъда дода буданд, ки барояшон сулҳу озодӣ меоранд, миллатро аз парокандагӣ ва Ватанро аз нестшавӣ раҳо бахшида барои миллати ҷафокашидаи худ сулҳу озодӣ меоварад.
Боварӣ, эътиқоду эътимод ва дастгириҳои пайвастаи ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонони кишвар басо назаррас буда, ҷавононро қувваи бузург, неруи созандаву ташаббускор ва ояндаи миллату давлат муаррифӣ намудаву зимоми давлатдориро ба онҳо бовар намудаву онҳоро ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин менамояд. Исботи гуфтаҳои боло ин таъин намудани яке аз ҷавонони бонангу номӯси миллат муҳтарам, Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Ба ин вазифаи ифтихорӣ ва пурмасъул таъин гардидани Рустами Эмомалӣ, масъулияти ин ҷавони боғайрату қавииродаро боз дучанд мегардонад.
Месазад гуфт, Рустами Эмомалӣ мактаби бузурги Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ки ӯро дар руҳияи ҷавонмардӣ, садоқат ба ватану миллат, худшиносию худогоҳӣ ва давлату давлатсозӣ тарбия намудааст, сарбаландона гузашта, имрӯз ин масъулияти бузург дар давлатдории миллӣ бар душаш вогузор гардид.
Таърих гувоҳ аст, ки Рустами Эмомалиро нафаре тарбия намудаву ба ин мартаба расонидааст, ки худ барои ҳастӣ ва аз байн нарафтани миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҷони хешро дареғ надошта ҷавонии хешро фидои ин роҳи пуршараф намудааст.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳақиқатан Рустами Эмомалӣ дар ин вазифаи пурмасъул ҷавони арзанда буда, мисли падари бузурги хеш, Пешвои муаззами миллат аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи ифтихорию пурмасъулият сарбаландона баромада ба ватану миллати хеш содиқона хизмат менамояд. Мо мардуми шарифи ноҳияи бостонии Шаҳритуз дар ин ҷода ба Рустами Эмомалӣ барори кору комёбиҳои беназир орзу менамоем.
Мавриди зикр аст, ки дар тӯли фаъолияти кории хеш муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардидааст, ки ин аз донишмандию кордонӣ ва қобилияти ташкилотчигии хуб доштани ӯ хабар медиҳад.
Дар тули як муддати кутоҳ ба як шаҳри пешрафтаю зебо табдил ёфтани пойтахти кишвар — Душанбеи зебову биҳиштосо исботи гуфтаҳои болоянд, ки аз ҷасорату кордонӣ ва қобилияти хуби ташкилотчиии Рустами Эмомалӣ мужда мерасонанд. Пойтахти кишвари маҳбубамон шаҳри Душанбе зери роҳбарии ҷавонтарин марди сиёсат симои шаҳрсозиашро куллан тағйир дода зери таваҷҷуҳи сокинони кишвар қарор гирифтааст.
Ба ин восита Рустами Эмомалӣ тавонист собит созад, ки ҷавонони имрӯза, ҷавонони донову серғайрат буда аз уҳдаи иҷрои ҳамагуна супоришҳо баромада метавонанд ва ба эътиқоду эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор буда, дар дилхоҳ вазифаҳои давлатие, ки ба зиммаи онҳо вогузор мегарданд, бо ифтихору масъулияти баланд фаъолият менамоянд.
Ба ин вазифаи ифтихорию пурмасъули давлатӣ таъин гардидани Рустами Эмомалӣ боиси ифтихору сарафрозии мо сокинони ноҳияи Шаҳритузи бостонӣ буда, умед ба он дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо боз ҳам ободтару дурахшонтар гардида, дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷои муносиберо барои худ касб менамояд.
Дар ин ҷода ба Шумо барори кору комёбиҳо орзумандем.
Бо арзи сипосу ифтихори бепоён, сокинони ноҳияи овозадори Шаҳритузи бостонӣ.