Main menu

«85 ФОИЗИ ШАХСОНИ ГИРИФТОР БА COVID-19 БИДУНИ ТАБОБАТ СИҲАТ МЕШАВАНД». Суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ бо шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»-и Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар барномаи «Робита»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ вобаста ба хусусиятҳои бемории COVID-19 ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз он бо забони содда ва фаҳмо ва ба таври онлайн бо журналист Мӯсо Абдусаттор суҳбат намуд.

Сипас  суҳбати мазкур рӯзҳои 6 ва 7 май чанд маротиба тариқи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Синамо» низ пахш гардид.

Ин барнома  дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ  вокунишҳои мусбати зиёди корбаронро  ба миён овард.

Доктор Ораш Алоӣ, ки муқими шаҳри Ню-Йорки Амрикост, барои ҷомеаи  табибони  Тоҷикистон чеҳраи ошност. Ӯ чанд сол аст, ки ба унвони мушовири байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз табибони  тоҷик  дар хатти  пеши мубориза бо вируси круно қарор доранд ва ошноӣ бо таҷрибаи табибони кишварҳои дигар, бидуни шак, барои онҳо муфид хоҳад буд.

Дар зер матни суҳбати хабарнигоро Мӯсо Абдусатторро бо  Роҳбари Институти ҷаҳонии саломатӣ ва омўзиш Ораш манзури хонандагон мегардонем:

ХАБАРНИГОР: — Аз нигоҳи шумо, COVID-19 чӣ гуна вирус аст? Оё иқлими Тоҷикистон метавонад хатари оқибатҳои нохуши онро коҳиш диҳад?

ОРАШ АЛОӢ:  — Бубинед, омили бемории бо номи COVID-19 коронавирус аст, ки дониши башар ин вирусро солҳо, даҳаҳост, ки мешиносад. Яъне, омили бемории коронавирус ношинохта набудааст. Лекин мушкил ин аст, ки намуди вирус манбаи ҳайвонист, дар ин замон тағйир ёфта, ҷаҳиши генетикӣ кардааст ва бемории нав эҷод намудааст, ки ва ин бемориро бемории нав падидоршуда мегўянд. Ин вирус соли 2002 низ бо номи «SARS» дар бадани инсон намуди нав пайдо кард, ки аз ҳайвоноте ба инсон интиқол ёфта буд. Ва баъдан соли 2012 дар баҳри Миёназамин, дар кишвари Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳида  бо номи «MERS» ва ҳоло ин намуди сеюми беморист, ки бо номи COVID-19 ба инсон интиқол ёфтааст.

Бемориро пурра мо мешиносем. Вирусҳо барои он ки зиндагӣ кунанд ва паҳн шаванд, ниёз ба як организми зинда ё ҳуҷраи зинда доранд. Ин ҳуҷраи зинда барои COVID-19 шуш аст. Вирусҳо ба шуш аз роҳи бинӣ ва даҳон ворид мешаванд. Онҳо дар шуш паҳн  мегарданд ва бадани инсон аз онҳо ҳимоят мекунад. Механизми ҳимоявии организм ҳаракат мекунад ва ба мубориза ва аз байн бурдани вирус оғоз менамояд. Муборизаи байни вирус ва иммунитети инсон дар шуш мушкилоти химиявиро ба вуҷуд меорад, ки дар баъзе афрод ба марг оварда мерасонад.

Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ҷаҳоние, ки мо медонем, 85 фоизи шахсони гирифтор ба COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд, ё тамоман аломат надоранд ё нишонаҳои хеле сабук доранд. 15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар бояд ба беморхона раванд. Аз 1 то 3 фоиз ва ё дар баъзе ҳолатҳо то 5 фоиз мефавтанд.

Пас мо ба як беморие рӯ ба рӯ ҳастем, ки дар шушҳо пайдо мешавад.

Дар робита ба иқлим бояд бигӯям, ки дониши башар ба ин намуди беморӣ ҳамагӣ 3-4 моҳ шинос аст ва намедонем, ки ҳарорати замин вақте, ки гарм мешавад ё ин ки сатҳи замин аз сатҳи баҳр баланд ё паст аст, оё иқлим метавонад ба он таъсир расонад? Барои ин бояд каме вақт гузарад ва тобистон шавад ва бубинем, ки чӣ мешавад. Лекин чанд нуқтаи муҳимро мо медонем, ки агар вирус аз даҳон хориҷ шавад, дар фазое, ки берун аз даҳон аст, аз 1 то 3 соат зиёд наметавонад зинда бимонад. Агар дар даст бичаспад ва даст ба дастаҳои дар ё дастқапҳои автобус ё ҷойҳои дигар бирасад, вирус метавонад то чанд рўз зинда монад. Бо ин сабаб, мо комилан табобати хос надорем ва пешгирӣ барои ин вирус новобаста аз он, ки дар чӣ шаҳру чӣ ноҳия ҳастем, бисёр муҳим аст.

Дар Ню-Йорк бо назардошти имконоти мавҷуда беш аз 170 ҳазор нафар бо сабаби риоя накардани гигиенаи шахсӣ бемор шудаанд. Мо медонем, ки вирус аз даҳон хориҷ мешавад ва бинобар ин даҳонро бояд пӯшонем. Агар ниқоб дорем, истифода барем ва агар набошад, ташвиш накашед, метавонед пахта бигиред ва худатон ниқоб созеду даҳонро пӯшонед.

ХАБАРНИГОР: — Чун шумо аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ёдовар шудед, имрўз риояи қоидаҳои санитарӣ ва дар хона мондан барои мардум то чӣ андоза муҳим мебошанд?

ОРАШ АЛОӢ:  — Бисёр муҳиманд. Тамоми дунё бояд ин қоидаҳоро риоя кунад. Чун мо медонем, бо як беморие сарукор дорем, ки ҳеҷ халқе, ҳеҷ ҷумҳурие аз он иммунитет надорад. Ҷаҳонгир шудааст. Бо ин сабаб бояд ҳама аҳолии ҷаҳон даст ба дасти ҳам гирем ва қоидаҳои гигиениро риоя кунем, то тавонем ин бемориро назорат намоем.

ХАБАРНИГОР:  — Як гурўҳ аз одамон метавонанд бе ягон аломат ин вирусро пушти сар кунанд. Оё онҳо ҳам метавонанд манбаи сирояти дигарон шаванд?

ОРАШ АЛОӢ:  —  Вирус дар бадани онҳо ҳаст. Он механизме, ки боиси аломат мешавад, шиддати системаи иммунитет бар муқобили вирус аст. Дар касоне, ки миқдори ками вирус вориди баданашон мешавад, иммунитети бадан нисбатан мулоим ҷавоб медиҳад. Бо ин сабаб нишонаҳо дар онҳо кам мешаванд. Лекин, вирус дар бадани онҳо паҳн мешавад ва онҳо манбае ҳастанд, ки бо дигарон вирусро интиқол медиҳанд.

Мушкиле, ки дар Ню-Йорк ва ҷаҳон пеш омад, ин буд, ки гумон карданд, ҳар касе, ки ҳарорати баданаш баланд аст ва ё сулфа мезанад, COVID-19 дорад. Бинобар ин, касонеро, ки ҳарорати баланд доштанд ва ё сулфа мезаданд, ба карантин фаро гирифтанд. Баъдан, диданд, ки ин беморӣ паҳн шуд, ба муайян кардани сабабаш пардохтанд. Маълум шуд, ки дар бадани аз 30 то 50 фоизи шахсони аломатнадошта вирус вуҷуд доштааст ва онҳо онро ба дигарон интиқол медиҳанд. Ин нуқта барои шаҳрвандони Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Новобаста аз он, ки аломат доред ё надоред, яъне сулфа ё ҳароратбаландӣ, ҳама бояд қоидаҳои аввалияи гигиениро риоя кунед. Якум, даҳонро бо ниқоб пўшонед. Дуввум, дастҳоро зуд-зуд бишӯед ва агар имкон бошад дастпӯшак пӯшед, чунки дастҳо метавонанд ба пул, дастаи дар, девор ё ҷойҳои дигар ва баъдан ба чашм бирасанд. Севвум, дар маконҳое, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд, 2 метр фосиларо риоя кунед.

Дар Ню-Йорк беш аз 5 ҳафта аст, ки танҳо фурӯшгоҳҳои хӯрокфурӯши бозанд. Боқӣ мактабҳо, донишгоҳо ва дигар идораҳо ҳама дар таътиланд.

Дар фурӯшгоҳе, ки хӯрока мегиред, бояд 2 метр фосиларо риоя кунед. Дар дохили нақлиёт ҳам бояд ин амал риоя шавад. Сабаби асосии паҳншавии ин беморӣ дар Ню-йорк дохили метро ва автобусҳо буд, чунки мардум ба ҳам наздик буданд.

Касоне, ки сулфа доранд ва ҳарорати баданашон баланд аст, бояд дигар берун набароянд. Онҳо бояд дар як ҳуҷраи алоҳида танҳо бошанд. Суол ба миён меояд, ки мо кай ба беморхона биравем? Дӯстони азиз, нигоҳ кунед, дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, неруи давлат, вазорати тандурустӣ ва табибон ҳама дар хидмати мардуманд. Лекин мардум ҳам бояд қоидаҳоро риоя кунанд, то онҳо тавонанд хизматрасонияшонро бо касоне, ки ниёзи ҳатмӣ доранд, бирасонанд. Ба ҳамаи касоне, ки бо COVID-19 мубтало мешаванд, шарт нест ба беморхона раванд. Шахсоне, ки сулфа доранд, ҳарорати баданашон баланд аст ё тез-тез нафас мекашад (ба шарте, ки дар як дақиқа камтар аз 25 бор нафас кашанд), дар як ҳуҷраи хона ҷудо бимонанд ва бо касоне, ки дар он хона ё ҳавлӣ ҳастанд, иртибот нагирад. Дарро банданд ва ҳатман тирезоҳоро боз кунанд. Аҳли оила вақте хўрок меоранд пушти дар гузоранд, ҳатман ниқоб дошта бошанд ва дастҳоро бишӯянд. Агар ҳарорат аз 39 дараҷа боло рафт ё ин ки нафаскашӣ дар як дақиқа аз 25 маротиба зиёд шуд, он вақт бояд ба пизишк (табиб)  муроҷиат кунанд. Ва агар чунин набошад, эҳтиёҷ ба ташхис ва антибиотикҳо ниёз нест ва масрафи беҳуда накунанд. Оби гарм нӯшанд ва қоидаҳоро риоя кунанд, баъд аз 2 ҳафта хуб мешаванд.

ХАБАРНИГОР: — Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бозгўи он аст, ки тарсу ҳароси мардум аз ин вирус вазъият ва кори табибонро мушкил намуд.  Аз назари шумо, амалкарди мардум дар муқобили ин вирус бояд чӣ тавр бошад?

ОРАШ АЛОӢ:  — Мо медонем, ки ин беморӣ метавонад то 5 фоиз, дар баъзе мавридҳо то 3 фоиз фавт дошта бошад. Вале муҳим ин аст, ки оё мо битарсем ё ин ки ҳушёр бошем. Мо бояд ҳушёр бошем ва хуб бидонем, ки чӣ кор бояд кунем. Агар битарсем, хато мекунем. Баъзе касон сулфа мезананд ё ҳарорати баланд доранд, ба ташвиш афтода, сарсону саргардон ба ин ё он беморхона меравад. Онҳо бояд ба тавсияҳои табибони худ, вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбута итминон дошта бошанд, зеро изтироб ҳеҷ кореро ҳал намекунад. Ҳамон тавре гуфтам, агар нишонаҳои ин бемориро дар худ эхсос кардед, дар хона монед. Агар аломатҳои ин бемориро надоред боз ҳам ду ҳафтаи дигар дар хона монед, чунки мардум ҳарчи бо ҳам наздик бошанд ин вирус ҳамон қадар зуд паҳн мешавад. Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА мо 7 ҳафта боз дар хона ҳастем. Фақат ба хотири ифои вазифаи табибии худ ба беморхона меравем ва бубинед, ки дар Ню-Йорк рўз то рўз теъдоди сироятёфтагону фавтидагон дар ҳоли коҳишёбӣ аст. Дар шаҳри Ухани Чин ҳам ҳамин тавр аст. Пас худи мардум ҳам бояд дар ин самт кумак кунанд. Ягон давлатеро дар ҷаҳон наметавон пайдо кард, ки коронавирусро дар танҳоӣ идора карда бошад. Бояд ҳамкории зич миёни мардум ва идораҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад.

ХАБАРНИГОР:   —  Дуруст қайд кардед, ки ин кори дастаҷамъист. Табобати ин беморӣ чи қадар вақтро дар бар мегирад, дар куҷо ва чи қадар гузаронида мешавад.

ОРАШ АЛОӢ:  —  Амрикое, ки дар самти тавлиди доруворӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи олам аст… Дар Аврупо Чин ва Ҷопон ҳам дар ин самт ҳамкориҳои муштарак ҷараён дорад. Ман мехоҳам навтарин дастовардҳои ҷаҳониро ба шумо бигӯям. То имрўз ягон табобати қатъӣ барои COVID-19 пайдо нашудааст. Доруи Ремдесивир, ки аксаран иддао доранд, ки бар зидди бемории COVID-19 ҳаст, ягон асос надорад. Қаблан ин дору барои бемории Эбола истифода мешуд ва танҳо метавонад шидати ин бемориро кам ва давраи онро кутоҳ кунад. Пас бояд гуфт, ки зарурат ба харидорӣ ва истифодаи ин дору барои беморони COVID-19 нест. То имрўз ягон доруи аниқ надорем. Касоне, ки ташхисашон  COVID-19 нишон додааст, ниёз ба табобат надоранд. Танҳо мебояд шуурнокӣ ва фаҳмиши худро боло баранд ва дар хона танҳо бимонанд, то ин бемориро ба дигарон интиқол надиҳанд. Тавре дар боло гуфтам, 90 дарсад гирифторони ин бемори ниёз ба истифодаи маводҳои доругӣ надоранд.

ХАБАРНИГОР: — Марҳилаи  беморӣ  чи  қадар  вақтро  дар  бар  мегирад?

ОРАШ АЛОӢ:  — Аз  вақте, ки  вирус  вориди  бадан  мешавад, мо як  замон ва аз вақте, ки  аломатҳо  падидор мешаванд, замони  дигар дорем. Аз замоне, ки  аломатҳо  пайдо  гардида, паст мешаванд, як  ҳафта баъд дигар  ин фард на худаш бемории вирусро дорад ва на ба  дигарон  вирусро  паҳн  мекунад, лекин  агар сулфа мезанад эҳтимол он чанд ҳафта тул кашад. Ҳастанд нафароне, ки мушкилоти  шуш ё буёӣ  доранд, чун дар касоне, ки ба COVID-19 гирифтор мешаванд, дар чанд  дарсадашон ҳисси буёӣ аз байн  меравад ва маззаро  хуб  эҳсос  намекунанд. Бинобар ин, бояд ба ташвиш наафтанд, чунки эҳтимол  он чанд ҳафта ё баъзан чанд моҳ тул мекашад. Муҳим  нест, ки  шумо  аломат  доред ё  надоред, муҳим он аст, ки  ду то се ҳафтаи оянда, ки  шуруи паҳншавии COVID-19 дар  Тоҷикистон ҳастанд, қоидаҳои гигиениро риоя кунед.

ХАБАРНИГОР: — Агар  нафаре, ки  як бор  ба  ин  беморӣ  дучор  шуд, метавонад, ки  бори  дуюм  гирифтор  шавад?

ОРАШ АЛОӢ:  —   То имрўз мо ягон санад ё таҳқиқе дар даст надорем, ки нишод диҳад, ки  як нафар аз ин беморӣ сиҳат шудаасту дубора  ба он гирифта шуда бошад. Шояд баъзе касон дар интернет  хонда бошанд, ки  масалан  ду- се  нафар  дар  Кореяи Ҷанубӣ дубора мубтало шудаанд. Ё мисоли дигар ду  нафар  дар  Бразилия таҳқиқи дубора карданд. Ин навбат меъёри  ташхисии онҳо  навъи  лабаратор ё озмоишгоҳии онҳо  дастгоҳи  писиор  буд. Он  дастгоҳи   писсиор  кораш дидани вирусҳо мебошад. Баъдан муайян шуд, ки ҳангоми ташхис ба иштибоҳ роҳ дода шудааст. Фақат  муҳим аст, бидонем, ки  кай  ба кор  биравем, чун ҳеҷ кишваре  дар  дунё  наметавонад,  ки  тамоми  мардумро  дар  хона нигоҳ дорад ва фабрикаҳову корхонаҳоро бандад. Мардум  ниёз  ба  фаъолият  ва кори  рўзона  дорад, ки  зиндагиашро пеш барад. Ҳатто  дар  Амрико  низ ҳамин  баҳс  аст.

Сарчашма: http://khovar.tj/2020/05/85-foizi-shahsoni-giriftor-ba-covid-19-biduni-tabobat-si-at-meshavand-su-bati-tabibi-eroniasli-amriko-bo-shabakai-televizionii-a-onnamo-i-to-ikiston/

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз