Main menu

Коронавирус ва душманони миллат

      Имрўзҳо тибқи омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт бемории намуди нави короновируси  COVID -19 дар беш аз 210 давлати дунё доман паҳн карда,  11 марти соли ҷорӣ Созмони ҷаҳонии беҳдошт хурўҷи COVID -19-ро пандемия эълон кардааст. Ҳамагон огоҳанд, ки то қариб се моҳ аз оғози  хурўҷи  ин беморӣ дар кишвари мо ягон нафар мубталои ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда буд.  Воқеан  дар он рўзҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  расман ба ин бемории марговар гирифтор нашудани шаҳрвандонро  Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ тасдиқ намуд.

     Мутаассифона  бадхоҳону душманони миллат ва кишвари азизи мо ин ҳолати воқеиро нодида гирифта, бо ҳар роҳу восита кўшиш ба харҷ доданду медиҳанд, то ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро   бо ҳар  баҳона  гунаҳгор намоянд, обрўйи давлату ҳукуматамонро дар арсаи ҷаҳон паст зананд.

       Яке аз чунин ашхоси  бадниҳоду  сияҳдил, парвардаи ҳамин обу сарзамин собиқ роҳбари Ҳизби террористии  наҳзати исломии Тоҷикистон  Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки дар Аврупо ҳаёт ба сар бурда, алҳол худро роҳбари созмони Паймони миллии Тоҷикистон  муаррифӣ намудаю тавассути сомонаҳои интернетӣ аз он ҷумла Ютубу Фейсбук сўйи Ватани хеш сангандозӣ карда,  аз он тааҷҷубу нигаронӣ мекард , ки чаро дар Тоҷикистон  касе ба бемории коронавирус  мубтало нашудааст. 

     Ба андешаи ў дар Тоҷикистон нафарони зиёде на фақат ба бемории COVID -19 гирифтор шудаанд, балки садҳо нафар аз хурўҷи ин беморӣ фавтидаю гўё роҳбарияти ҷумҳурӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар шахсони масъул, ҳатто Созмони ҷаҳонии беҳдошт  ин рўйдоди мудҳишро аз мардум паноҳ медштандд. М.Кабирӣ зимни суханрониаш бештар ба сомонаҳои Ахбор ком, Озодӣ ва монанди инҳо ва хабару овозаҳои  дуруғу бофтаи шахсони аз асли воқеа дур такя намудааст.. Ў  зимни  баромад кардан худро ғамхору дилсўзи халқу миллат вонамуд карда, қотеона талаб менамояд, ки аз роҳбари давлат сар карда то роҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо барои амалан пешгирӣ накардани хурўҷи COVID -19 ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

      Кас ҳайрон мешавад, ки ҷаноби Кабирӣ чаро хабару матлабҳои иғвоангезу таҳлукаовару муғризонаи расонаю сомонаҳои хориҷиро гўш фаро  медиҳаду  ба матлабу гузоришҳои расмию мустақили Тоҷикистон, ки аз ҷои воқеа бо санаду далели дақиқ  хабар медиҳанд, беэътиноӣ зоҳир мекунад. Агар Кабирӣ ҳисси баланди миллию ватандўстӣ медошт, ба ҷои ба бегонагон рў овардан  ба манобеи хабарии ватанӣ такя карда мефаҳмид, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 18 март Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус амал мекунад, ки роҳбарияшро сарвазири мамлакт ба зимма дорад. Даставвал бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пурра дар ҷараёни вазъият мебошанд, тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Аз ҷумла, ташкили дидбонгоҳҳои назорати шабонрўзии санитарию беҳдоштӣ дар ҳамаи 27 гузаргоҳи сарҳадӣ, бо услуби фарқкунанда   аз дигар давлатҳо ба давраҳои карантинӣ фаро гирифтани ҳамаи онҳое, ки аз минтақаҳои паҳнгаштаи сирояти коронавирус ба  ҳудуди ҷумҳурии мо ворид мешаванд.

     Инчунин, иттилоотонии пайвастаи ҷомеа вобаста ба ҳолатҳои санитарию беҳдоштии фардӣ ва муҳити атроф, ташкили корҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, муассисаву корхонаҳо, ва монанди инҳо аз иқдомҳои дар ин самт анҷомдода ба ҳисоб мераванд.  Имрўзҳо, ки ин бемории хатарзо ба шаҳрвандони ҷумҳурии мо сироят намудааст, аз Президенти кишвар сар карда то роҳбарони зинаҳои поёнӣ, табибону масъулони  ҳама зинаҳо дар саросари кишвар дар баробари корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ барои амалан дастгирӣ намудани беморон чораҳои таъхирнопазир меандешанд.  Ба фонди кумак ба гирифторони бемории COVID -19 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  музди маоши якмоҳаи хешро ирсол намуд, ки ин иқдом   аз сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлат шаҳодат дода,  ташаббуси мазкур аз ҷониби роҳбарони зинаҳои гуногун ва ҳамдиёрони ватандўстамон  ҳаматарафа датгирӣ ёфт.  Ҷалби давлатҳои дигар  созмону ташкилотҳои  хайрхоҳ барои пешгирии авҷи ин беморӣ ва дастгирии мубталошудагон ба бемории коронавирус имкон дод, даҳҳо нафар шаҳрвандон аз тамоми гўшаю канорҳои ҷумҳурӣ шифо ёфта, ба назди аҳли байташон баргарданд.

        Хулоса он чӣ ки аён аст, дигар чӣ ҳоҷат ба баён аст. Ба душманони миллат  аз ин минбари баланд     гуфтанием, ки дар кишварамон  пайдо  шудани пандемияи COVID -19 тамоми қишрҳои ҷомеаро бештар муттаҳид намуда,  риштаи пайванди меҳру дўстию муҳаббати тоҷикону тоҷикистониёнро  боз ҳам мустаҳкамтар  ва умед ба ояндаи некро дар қалбашон фурузонтар намуд.

А.Фаттоҳ, рўзноманигор

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз