- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ дар Рӯшон ҷинояткори хавфнокро дастгир намуд
Ҷум, 05/22/2020 - 14:37
22 майи соли 2020, соати 09:30 дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ амалиёти махсус барои дастгир кардани ҷинояткори хавфнок Шароф Қобилов, соли таваллудаш 1976, зода ва истикоматкунандаи деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон гузаронид,
хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуотии Раёсати КДАМ дар ВМБК.
Ҳангоми амалиёт Ш.Қобилов бо корд ҳуҷум карда, сардори шӯъбаи ноҳиявӣ Чуянов Самариддинро захмӣ гардонд. Новобаста аз ин роҳбари шӯъбаи амниятии ноҳия тавонист амалиётро роҳбарӣ ва қочоқчии ашаддӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дастгир намояд.
Бояд тазаккур дод, ки Шароф Қобилов, ташкилкунанда ва иштирокчии асосии далели қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, рӯзи 1 майи соли равон дар мавзеи сарҳадии Барӯшони ноҳияи Рӯшон мебошад, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти дастгиркунӣ тавониста буд аз ҷои ҳодиса фирор кунад. Дар таърихи зикргардида микдори махсусан калони маводи мухаддир мусодира ва ду ҳаммаслаки Ш. Қобилов ҳангоми содир намудани ҷиноят дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда буданд.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.
Сардори шуъбаи РКДАМ дар ноҳияи Рӯшон дар беморхона бистарӣ гардид. Вазъи саломатиаш қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Раёсати КДАМ дар Вилояти Куҳистони Бадахшон бо қотеият изҳор медорад, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақа муборизаро ба муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, махсусан қочоқбарони маводи мухаддир, силоҳ ва муҳимот боз ҳам пурзӯр намуда, тамоми чораҳоро барои таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат амалӣ хоҳанд кард.
Маркази матбуотии Раёсати Кумитаи
давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ