- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Сухтор дар Бозори марказии ноҳия
Якш, 05/24/2020 - 23:52
Рузи 24 майи соли 2020 тақрибан соатҳои 17:05 дақиқа дар Бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз сухтор ба амал омад. Таъҷилан аз ҷониби намояндагони бозори марказӣ ва шахсони алоҳида ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз ва Хадамоти Оташнишонии ноҳия хабар дода шуд. Баъди оҷилан ҳозир шудани ниҳодҳои болозикр ва ба кор оғоз намудани онҳо бо супориши Раиси ноҳия ситоди фавраии ноҳиявӣ таъсиси дода шуда ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд. Азбаски сухтор дар масоҳати ниҳоят калон сурат мегирифт таклиф шуд, ки мошинҳои сухторхомушкунии ноҳияҳои ҳамсоя даъват карда шаванд. Ҳамин тавр бо кумаку дастгирии ниҳодҳои сухторхомушкунии ноҳияҳои ҳамсоя имкон пайдо гардид, ки пеши роҳи алангаи оташ гирифта шуда, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва идае аз идораҳои давлатие, ки дар гирду атрофи бозори маркази ҷойгир буданд аз сухтор эмин нигоҳ дошта шуданд. Тахминан бар асари сухтори шадид дар бозори марказии ноҳия 70-80 фоизи иншоот ва 40-50 фоизи молу маҳсулотҳои соҳибкорони бозори мазкур ба коми оташ рафтанд.
Дар айни замон бартарафкунии боқимондаҳои сухтор дар бозори маркази аз ҷониби ниҳодҳои сухторхомушкунӣ идома дошта бозори марказӣ таҳти назорати мақомотҳои қудратӣ ва қисмҳои низомӣ қарор дорад .
Дар мувофиқа бо соҳибкорони маҳаллие, ки дар бозор фаъолият доштанд ситоди ноҳиявӣ тасмим гирифтааст, ки рӯзи 25 майи соли 2020 соати 8:00 дақиқа ҷаласаи фаврӣ доир намуда, хисороти расонидашуда ва барқарор намудани бозор мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Сухторе, ки дар Бозори марказии ноҳия ба вуқӯъ пайваст, ин бештар ба расишҳои ноқилҳои барқи рабт дошта хушбахтона бар асари ҳодисаи мазкур ягон талафоти ҷони ба қайд гирифта нашудааст.
“Субҳи Шаҳритуз”