- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони трансмиллии Афғонистон аз хати сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид
Душ, 06/15/2020 - 07:44
Шаби 13-ум ба 14-уми уми июни соли ҷорӣ, дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони трансмиллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз хати сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гурӯҳи қочоқбарони трансмиллии афғон бо сардории шаҳрванди ҶИА бо номи Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, тахминан 35-сола, сокини қарияи Навободи вулусволии Чаёби вилояти Тахори ҶИА мақсад доштанд, ки дар минтақаи хизматии дидбонгоҳи сарҳадии «Чубек»-и қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба таври ғайриқонунӣ хати марзро гузашта, миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол диҳанд.
Қочоқбарон ҳангоми гузаштан аз минтақаи сарҳадӣ ба фармони гурӯҳи оперативӣ-ҷангӣ дар хусуси таслим шудан, итоат накарда, аз силоҳи оташфишон муқобили онҳо оташ кушоданд. Дар рафти муқобилияти шадиди мусаллаҳона, як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд. Нафари дуюми узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, новобаста аз гирифтани ҷароҳати сабук, бо истифода аз торикии шаб тавонист ба хоки кишвари ҳамсоя фирор намояд.
Дар рафти азназаргузаронии макони ҳодиса ҷасади саркардаи қочоқабарон, шаҳраванди ҶИА Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, як адад автомати Калашников, як адад тирдон бо 38 дона тир, як борхалтаи полиэтиленӣ бо 10 баста воситаи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Коркарди алоқаҳои ҷиноятии трансмиллии гурӯҳҳои қоҷоқбар бо мақсади то ба охир муайян, дастгир, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё нобуд сохтан, қотеона идома хоҳад ёфт.