Main menu

Сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритуз

        IMG_1538.JPGРўзи 18 июн  раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуз  омад. Қ.Ҳакимзода бо роҳбаладии раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор нахуст аз бозори марказии ноҳия, ки ба наздикӣ бар асари сар задании сухтор  ба коми оташ фурў  рафта буд, дидан намуда, бо рафти корҳои навсозию барқароркунӣ аз наздик ошно шуд. Роҳбари вилоят инчунин бо роҳбарони ҷамъияти матлуботу бозори марказӣ, соҳибкорони  бозори мазкур суҳбат намуда, вобаста ба имрўзу ояндаи бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз  эроду дархосту пешниҳоди  онҳоро  шунид. Зимни дидору мулоқот  раиси вилояти Хатлон аз ҳодисаи сухтор ва ҳисороти аз худ боқӣ гузоштаи он изҳори таассуф намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки роҳбарияту масъулини  сатҳи вилоятӣ  ҳама чораҳои имконпазирро меандешанд, то ки дар кутоҳтарин фурсат бозори навсохт бо растаю дўкон ва нуқтаҳои савдои ба таври муосир сохта дар хизмати соҳибкорони аҳолӣ  қарор дода шавад. Қ.Ҳакимзода иброз дошт, ки барои татбиқи амалии Лоиҳаи мазкур  як идда устоҳои гулдасти шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ ҷалб карда мешаванд.

        IMG_1619.JPG Сипас раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо рафти кор дар як қатор сохтмонҳои  ҷашнӣ аз он ҷумла бинои дуошёнаи меҳмонхонаю тарабхонаи кўчаи Носири Хусрав, бинои дуошёнаи меҳмонхонаю тўйхонаи кўчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Шаҳритуз, ки бо маблағгузории  соҳибкорони ватанӣ бунёд шуда истодааст, шинос шуда, ба масъулин барои  тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ  ва ба талаботи имрўзаи меъморӣ ҷавобгў будани иншоотҳои болозикр дастуру супоришҳои мушаххас ироа кард.

        Қ.Ҳакимзода дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Шаҳритуз ба ҷамоати деҳоти Обшорон низ ташриф оварда, сохтмони боғи фарҳангӣ-фароғатии ҷамаоти деҳоти мазкурро аз назар гузаронида, бо сохтмончиёну масъулини иншооти мазкур дидору суҳбат намуд.

      Дар анҷоми сафари корӣ  раиси вилоят ба масъулини ноҳия дастуру супориш дод, барои сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз имкониятҳои  мавҷуда самаранок истифода бурда, дар баробари босифат ва дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор додани иншоотҳои ҷашнӣ, ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ ҳадафмандона  ҷидду ҷаҳд намоянд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз