- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Фаъолияти волонтёрон
Шан, 06/20/2020 - 08:41
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, санаи 18 июн соли 2020 бо волонтёрони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз вохўрӣ доир намуд. Дар оғози мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳомидҷон Шарофзода ба волонтёрон оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», мафҳумҳои асосӣ ва вазифаҳои Қонуни мазкур сухан ронда, вобаста ба муҳтавои он ва фаъолияти волонтёрон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо дастуру супориш доданд.
Баъдан масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо волонтёрон машварати видеоӣ тариқи барномаи «Imo» ба воситаи «NOTEВOOК» ташкил намуданд. Дар машварати видеоӣ бо мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Беҳрўз Бобоев суҳбату гуфтугузор доир гардид. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба волонтёрон, оиди фаъолияти волонтёрон, қабули нақшаҳои корӣ, фаъолнокӣ дар сомонаи иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ташкили кори маҳфилҳои онлайн суҳбат гузаронида, маслиҳатҳои судманд ироа намуд.
Қобили қайд аст, бо иқдоми масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар якҷоягӣ бо волонтёрони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз, оиди пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бахусус Коронавирус (COVID-19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафуров ва кўчаи ба номи Аъзам Мирзоеви ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз аз ҷониби волонтёрони назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз хона ба хона суҳбатҳо доир гардида, ба онҳо ниқоб ва муроҷиатномаи ҲХДТ супорида шуд. Татбиқи чорабинии болозикр бо мақсади иҷрои фармоиши раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон №108 аз 1 июни соли 2020 «Дар бораи тартиби фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо усули хона ба хона» роҳандозӣ гардид.
Комил Ҳамрозода, муовини раиси КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Шаҳритуз