- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати шашум)
Пан, 06/25/2020 - 18:58
24 уми июни соли 2020 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати шашум) доир гардид. Иҷлосияро раиси ноҳияи Шаҳритуз, раиси иҷлосияи вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки аз 39 нафар вакилони халқи ноҳия 2 нафарашон бо сабабҳои узрнок ҳузур надоранд. Инчунин зикр гардид, ки дар кори иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имом –хатиби масҷиди ҷомеи ноҳия, масъулони ҳифзи ҳуқуқ низ даъват шудаанд.
Сипас вакилон котиботи иҷлосияро дар ҳайати Ҷабборва Г. (вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии №25)-раиси котибот, Холматов Б (вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии №27), ҶаҳонгирзодаЗ. (вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии №40)-аъзои ҳайати котибот интихоб намуданд.
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз даъвати шашум масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шаҳритуз аз 2 августи соли 2010 № 368 “Оид ба татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” дар ноҳияи Шаҳритуз
2. Ҳисоботи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритуз
3. Ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз “Оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқї”
4. Ҳисоботи Саидраҳмонова Махфират, вакил аз ҳавзаи интихоботии №10, оиди фаъолияти худ ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз
5. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилии Садриддинов Сайфуддин Талбакович –вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз аз ҳавзаи интихоботии №30 ва таъин намудани интихобот дар ин участка.
6. Тасдиқи қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳияи Шаҳритуз
Аз рўи масъалаи якуми рўзномаи иҷлосия “Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шаҳритуз аз 2 августи соли 2010 № 368 “Оид ба татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” дар ноҳияи Шаҳритуз.”вакили халқи ноҳия, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз М.Раҷабзода бо маърўза баромад кард. Сипас сартабиби беморхонаи марказии ноҳия З.Ҷаҳонгирзода, менежери КАТС-и ноҳия Ф.Муҳаммадиев, директори МНДЭС-и ноҳия У.Юсупов ба музокира баромада, оиди паҳлуҳои гуногуни маърўза ибрози назар карданд.
Пас аз он Ҳисоботи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣдар ноҳияи Шаҳритуз полковники милиса Ф.Раҳимзода шунида шуд. Дар музокираи ҳисоботи мазкур прокурори ноҳияи Шаҳритуз Р. Азиззода суханронӣнамуд.
Аз рўи масъалаи сеюм Ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз “Оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқї” Л.Ёқубӣшунида шуд. Аз рўйи масъалаи чоруми рўзномаи иҷлосия Саидраҳмонова Махфират, вакил аз ҳавзаи интихоботии №10, оиди фаъолияти худ ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз ҳисобот ироа кард.
Зимни баррасии масъалаи панҷум, ваколати вакилии Садриддинов Сайфуддин Талбакович –вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз аз ҳавзаи интихоботии №30 бинобар сабаби вафот кардан қатъ гардида, қарор дода шуд, ки дар санаи 30 августи соли 2020 дар ҳавзаи интихоботии №30-и ноҳияи Шаҳритуз ба ҷои вакили хориҷшуда интихобот таъин шавад.
Аз рўи масъалаи шашуми рўзномаи иҷлосия вакилон қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳияи Шаҳритузро тасдиқ карданд.
Сипас вакилон доир ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Нурулло Бояков иштирок ва суханронӣ кард.