Main menu

Конференсия: Баррасии филми мустанади «Хиёнат»

      Дар санаи 3-юми июли соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар мавзўи «Маҳкум намудани амалҳои хиёнаткоронаи хоинони миллат тавассути филми мустанади «Хиёнат» конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.

      Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз М.Раҷабзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ба кори конференсия роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, фаъолони ноҳия даъват шудаанд. Муовини раиси ноҳия ҳозиринро бо муҳтавою мақсади баргузории чорабинии мазкур ошно намуда, ба иштирокчиёни конференсия барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он барору комёбиҳо орзу намуд.

         Нахуст филми ҳуҷчатии телевизионии «Хиёнат» аз аввал то анҷом тариқи мониторинг ба иштирокчиёни ҳамоиш пешкаш гардид.

      IMG_2284.JPGСипас  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳ.Шарофзода, сармуҳаррири рўзномаи «Субҳи Шаҳритуз» А.Фаттоҳ, сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шаҳритуз Ҳ.Муродов, имомони масҷидҳои панҷвақтаи деҳаи А.Муродови ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров ва деҳаи  Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов М.Гадоев ва Н.Илёсов, сокини деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов С.Назаров, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Ш.Сайдалиев, хонандаи синфи 9-и МТМУ-и №1 У. Сафарова бо маърўзаҳо баромад карданд.

        Онҳо зимни баромаду суханрониҳояшон таъкид карданд,  филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки дар се қисм тариқи телевизионҳои кишвар пешкаши тамошобинон гардонида шуд, вокуниши шадиде дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Филми мазкур аз хиёнатҳои Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва амалҳои хиёнаткоронаи вай барои ноором кардани вазъи кишвар қисса мекунад.

         Роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос аз байни мардуми тоҷик нафарони зиёдеро гумроҳ намуданд  ва онҳо ба Ватани худ хиёнат карданд.

         Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми кишвар нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт.

        Инак, баъди солҳо исбот шуд, ки ин ташкилот дар ноором кардани кишвар, ҷанги шаҳрвандӣ ва қатли даҳҳо фарзандони фарзонаи миллат даст доштааст. Дар филм нишон дода шудааст, ки ба хотири ҳарчӣ зудтар анҷом додани  амали нопоки мусаллаҳона –нобуд кардани ҳокимияти конститутсионӣ ҲНИ чизеро дареғ намедорад.

      29 сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ  ташкилоти террористӣ -экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Пас аз манъи фаъолияти ҲНИ роҳбарият ва аъзои фаъоли он ба якчанд кишварҳои хориҷа фирор карданд. Бояд гуфт, ки тавре коршиносон таъкид менамоянд, хадамоти махсуси баъзе кишварҳои хориҷӣ ба таври пинҳонӣ ин ҳизбро  сарпарастӣ ва маблағгузорӣ менамоянд. Масалан аз соли 2016 то 2018 сарпарастони хориҷӣ барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ҲНИ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардаанд. Ин маблағҳо барои пешбурди кори иттилоотӣ, таблиғ дар сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии тарафдорон ва ташвиқотчиёни ҳизби хиёнаткор истифода шудаанд.

        Нотиқон  зимни ироаи маърўзаи худ аз хизматҳои бузургу беназири фарзанди ҷонфидои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар, сарҷамъ намудани миллати тоҷик, таъмину сулҳу суботи мамлакат,  бо камоли эҳтиром ёдовар шуда, роҳбари ҳизби мамнуъшудаи ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва як идда  ҳамдиёрони асолатбохтаю хиёнатпешаеро, ки дар хориҷи кишвар истода, зери табли хоҷагони аҷнабиашон  «рақс» кардаю нисбати миллату Меҳани хеш  душманӣ меварзанд, шадидан маҳкум намуданд.

          IMG_2252.JPGСокини деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов С.Назаров, ки тули се моҳ роҳбарии ҳизби мамнуъ эълон гардидаи ҲНИ дар ноҳияи Шаҳритузро ба уҳда доштааст, аз он изҳори пушаймонӣ ва худро надомат кард, ки фирефтаи сиёсати авомфиребонаи роҳбарони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз он ҷумла Муҳиддин Кабирӣ шуда, чанд муддат ба куйи гумроҳи афтода, ба роҳи хато қадам гузошта билохир аз асли кору нияту мақсади нопоки  наҳзатиёну роҳбаронашон воқиф гардида,  аз роҳбарию узвияти ин  ҳизбу хиёнатпеша даст кашидааст.

          Ба андешаи иштирокчиёни конференсия  филми «Хиёнат» бонги изтироб аст . Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада тамошобинон аз он ҷумла сокинони мамлакатро  ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба ватану миллат ҳидоят мекунанд. Ва таъкид гардид, дар ин ҷода мо бояд бетарафу бешараф набошем.

        Дар анҷом муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода чорабиниро натиҷагирӣ карда, қайд намуд, тамошои филми  «Хиёнат» ва муҳтавои конференсия ҳамаи қишрҳои гуногуни ҷомеаро ҳушдору водор месозад, ки ҳидояту суханҳои роҳнамои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои якпорчагии давлату  сарҷамъии миллат ва пойдории сулҳу суботи кишвар пайваста дар талош бошем.

«Субҳи Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз