Main menu

Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020

        Дар санаи 9 июли   соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ,  раисони маҳаллаҳо, имомони масҷидҳо,  роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ ва  соҳибкорони ноҳия  ҷаласа «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 6- моҳаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо дар семоҳаи сеюми соли 2020» баргузор гардид.

     Пас аз ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор муовини аввали раиси ноҳия Қаҳор Усмонов, муовинони раиси ноҳия Фаридун Сафарбекзода ва Меҳринисо Раҷабзода дар назди ҳозирон бо ҳисобот баромад карданд.

    IMG_2348.JPG Қайд гардид,ки  дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия корҳои муайян ба ҷо оварда шудаанд. Чунончи, то имрўз дар миқёси ноҳия  майдони 1560 гектар ғалладонагиҳо даравида шуда, аз он 7958 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст, ки он аз ҳар як гектар 51,1 сентнериро ташкил медиҳад. Аз майдони 1052 гектар ба миқдори 32307 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки аз ҳар  як гектар 307 сентнериро ташкил медиҳад. Аз майдони 180 гектар ба миқдори 3645 тонна картошка истеҳсол карда шуд, ки аз ҳар як гектар 202,5 сентнерӣ, аз майдони 345 гектар ба миқдори 10040 тонна полезӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз ҳар гектар 291 сентнерӣ мебошад.

        Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ дар ноҳия 283 тонна гўшт истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019  31, 6 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли шир  158,3 тонна буда, нисбати соли гузашта 93 тонна зиёд истеҳсол карда шудааст. Пашм -32 тонна, нисбати соли 2019  1,8 тонна зиёд. Истеҳсоли тухм ба 54 ҳазор дона расонида шудааст, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор дона зиёд мебошад.

         Идораи  давлатии  беҳдошти  замин  ва обёрии зерҳавзаи  дарёи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритуз ба заминҳои корами обии ноҳияи Шаҳритуз дар давоми 6 моҳ бо панҷ шабакаи магистралӣ дар майдони 11 ҳазор гектар  замин хизмат мерасонад. Аз ҷониби ташкилоти болозикр дар давоми ним соли сипарӣ гардида ба ноҳияи Шаҳритуз ба миқдори 96 ҳазору 345 М2 ва ба арзиши 1млн.926 ҳазору 893 сомонӣ об дода шудааст.

          Яке аз   камбудиҳои   ҷиддии   Идораи давлатии беҳдошти замин  ва   обёрии зерҳавзаи  дарёи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритуз дар он аст, ки қарзи ҳаққи хизмати об аз тарафи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 5 млн. 217 ҳазору 928 сомониро ташкил медиҳад.

       Натиҷаҳои чашмраси рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар шашмоҳаи соли 2020 ба татбиқи  нақшаи чорабиниҳо  ва амалигардонии  барномаҳои давлатӣ  алоқаманд буда, ин раванд имконият фароҳам овард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи саноат 155, 1 фоиз, гардиши савдои чакана 100,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 96,4 фоиз, сохтмон 204, 6 фоиз таъмин гардад.

           Ҳаҷми умумии даромади буҷет дар шашмоҳаи соли 2020 ба андозаи 89 фоиз иҷро гардид. Ба ҷои 28 млн. 185 ҳазору 255 сомонӣ, 25 млн. 47 ҳазору 752 сомонӣ иҷро шуда ба қисми даромади буҷети ноҳия ворид гардидааст, ки  нисбат ба нақша 3 млн 137 ҳазору   503 сомонӣ кам мебошад.

           Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия маблағҳои мақсаднок (субвенсия) 9 млн 398 ҳазору 248 сомонӣ  ворид гардида, нисбати нақша 430 ҳазор кам буда, 97 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар ноҳия бақияпулии қарзи андоз дар  шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 7 млн 429 ҳазору 106 сомониро ташкил медиҳад.Ҳаҷми умуии андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 5 млн 347 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, дар асл 5 млн 356 ҳазор сомонӣ  ворид гардидаст, ки ин 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

         Дар ноҳия 87 адад Барномаҳо ва Стратегияҳо, ки аз инҳо 11 адад ба соҳаи кишоварзӣ, 56 адад ба соҳаи идеологӣ, 20 адад ба соҳаи иқтисод ва сохтмон рост меояд  фаъолият  карда истодааст.

          Дар ноҳия аз 24 адад корхонаҳои саноатии ба қайд гирифта шуда дар ин давра 6 адади он аз фаъолият бозмонда, 2 ададаш табдили ном кардааст.

      Дар баробари муваффақиятҳо қайд гардид,ки дар фаъолияти Кумитаи идораи замини ноҳия, бахши муҳити зист, хоҷагии ҷангал, Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, шуъбаи омори ноҳия, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва алоқа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ  низ камбудию норасоиҳо  ҷой дошта, ислоҳи онҳо  аз масъулини соҳа масъулияти баландро тақозо мекунад.

        Зимни ироаи ҳисоботи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 6- моҳаи аввали соли 2020  иброз гардид, ки дар соҳаҳои иҷтимоӣ аз он ҷумла маорифу тандурустӣ , фарҳанг, варзиш ҷавонон ва сайёҳӣ ва ғайра  имкониятҳои истифода нашуда зиёд боқӣ монда,  дар оянда дар иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ  аз масъулини ин соҳаҳо диду назари тоза талаб карда мешавад.

     Вобаста ба масъалаҳои таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ –беҳдоштии беморхонаи марказии ноҳия, таъмини беморхонави марказӣ бо табибони ихтисосманд, коҳиш додани теъдоди бемориҳои сироятӣ, вазъи нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва супоришҳои раиси вилояти Хатлону раиси ноҳияи Шаҳритуз роҳбарони ҳамаи соҳаҳои ноҳияро лозим меояд, чораю тадбирҳои мушаххас андешида, дар баробари рафъи таъҷилии камбудию нуқсонҳои ҷойдошта  дар семоҳаи оянда ба рушду пешрафти ҳама соҳаҳо муваффақ гарданд.

         IMG_2341.JPGСипас раиси  ноҳия   Ҷаббори  Ғаффор  аз  роҳбарони  нозироти андозу шуъбаи молияи  ноҳия, кумитаи идораи замини ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  иддае аз роҳбарони муассисаю ташкилотҳои ноҳия  доир ба самтҳои гуногуни фаъолияташон дар шашмоҳаи аввали соли 2020 пурсиш намуд.

      Дар  ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, намояндаи    мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мўсозода Шодӣ    иштирок ва суханронӣ намуда, дар баробари зикри муваффақиятҳо  аз ҷой доштани камбудию норасоиҳо дар кору фаъолияти иддае аз роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо  ёдовар шуда,  барои   рафъу бартарафсозии  онҳо  тавсияву дастурҳои мушаххас  ироа карданд.

          Дар охир бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида қарори дахдор қабул карда шуд.

         Дар фарҷоми ҷаласа раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шаҳритуз  Дилшод Абдуллозода ва сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз  Ф.Раҳимзода «барои ҳамкориҳои судманд дар ташкил ва гузаронидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ» Ифтихорномаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти ботантана супорид.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз