Main menu

Пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки ҳизбиён дар маҳал

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳсоз» ва деҳаҳои ба номи Париж-коммуна, Свердлов, Б.Қарабоеви ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Қизил Аскари ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро баррасӣ карда шуда, дар деҳаҳои номбурда ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Меҳргон», «Ориён», «Наврӯз», «Обшорон», ва «Баҳористон» таъсис дода шуда, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсис аз ҳисоби фаъолони деҳаҳо интихоб карда шуданд.

Миёна: 3 (2 votes)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз