- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Машварати августии муаллимони ноҳия
Шан, 08/15/2020 - 16:05
14 августи соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия машварати августии муаллимони ноҳия бо ширкати раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор, иштироки намояндагони омӯзгорони фаъол, директорони муассисаҳои таълимӣ, сарварони муассисаҳои томактабӣ, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма баргузор гардид.
Машваратро бо сухани муқаддимавӣ мудири маорифи ноҳия Нурилло Муроталиев ифтитоҳ намуда қайд кард, ки дар ҷамъомади имрӯза масъалаи “Ҷамъбасти фаъолияти кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз дар соли хониши 2019-2020 ва вазифаҳои кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз дар соли хониши 2020-2021” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.
Бо пешниҳоду ҷонибдории омӯзгорон ҳайати котибот интихоб гардид.
Сипас раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор дар назди иштирокчиёни машаварат бо маърӯза баромад кард. Раиси ноҳияи дар оғоз қайд намуд, ки имрӯз дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон оғози соли нави хониш, Рӯзи дониш фаро расида истодааст. Ӯ устодону омӯзгоронро бо фарорасии соли нави хониш табрик намуда, таъкид кард, соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии мамлакат яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок арзёбӣ шуда, имрӯз бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами милат, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз низ бобати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати сохтмон, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода мебарад, то ки ба насли наврас шароити хубтари илмомўзӣ фароҳам оварда шавад. Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия сохтмони бинои маъмурии сеошёнаи шуъбаи маорифи ноҳия ва якчанд муассисаи таълимӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Дар МТМУ-ҳои рақамҳои 1, 2, 31, 45, 46 ва ғайра аз сабаби сол то сол афзудани шумораи хонандагон, эҳтиёҷ ба синфхонаҳои иловагӣ бештар мегардад. Аз ин лиҳоз дар баробари чораандешии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикрро лозим меояд, дар ҳамкории зич бо Асотсиатсияи волидону омўзгорон, соҳибкорон ва аҳли ҷомеа сохтмони биноҳои иловагии таълимиро роҳандозӣ намоянд.
Раиси ноҳия дар рафти баромади худ оиди “Ҷамъбасти фаъолияти кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз дар соли таҳсили 2019-2020 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2020-2021”зимни таҳлилу баррасии ҳартарафаи соҳаи маориф аз камбудиҳои ҷиддии дар соҳаи мазкур ҷой дошта низ ёдовар шуд.
Чунончи, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 13, 19, 40, 44 ва ғайра ба озмунҳои фаннии сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣва байналмилалӣ нигаронкунанда буда, шогирдони муассисаҳои таълимии болозикр дар соли таҳсили 2019-2020 аз озмунҳо ягон дастовард надоранд.
Дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 33, 42, 43 сатҳи донишу дарсазхудкунии хонандагон ба талаботи рўз ҷавобгў набуда, муассисаҳои таълимии рақамҳои 4, 6, 13, 27, 33, 42, 44, 48, 50 дар бобати ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази тестии назди Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби миёнаи ноҳия қафо меистанд.
Тибқи таъкиди раиси ноҳия дар мактабҳои рақамҳои 18, 47, 49 тарбияи ҳарбӣ –ватандўстии хонадагон, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан суст ба роҳ монда шуда, мутаассифона роҳбарони муассисаҳои таълимии зикршуда, худ монеи хизмати фарзандон ба сафҳои Артиши кишвар мегарданд.
Дар муассисаҳои томактабии рақамҳои 1,2,3 низ камбудиҳои зиёд ҷой дошта, маъмурияту мураббиҳоро зарур аст, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии дар муассисаҳояшон ҷой дошта, нақша-чорабиниҳо тартиб дода, оҷилан аз пайи ислоҳи онҳо шаванд.
Дар фароварди баромади раиси ноҳия директори МТМУ-и №46, собиқадори меҳнат С.Хушмуродов, намояндаи раёсати маорифи вилояти Хатлон А.Султонов, шогирди МТМУ-и №1, гирандаи Стипендияи Президентӣ И.Бандаев суханронӣ намуда, иштирокчиёни машварат ва дар шахси онҳо кулли омўзгорони ноҳияи Шаҳритузро бо фарорасии соли нави хониш табрику таҳният гуфтанд.
Сипас раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор аз сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар кори таълиму тарбия дастовардҳои хуб надоранд, пурсиш намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба роҳбарони онҳо дастуру супоришҳои мушаххас ироа кард.
Дар анҷом бо ширкати раиси ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба гуруҳи калони кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар вазъияти ботантана Ифтихорномаю Сипосномаи раиси ноҳияи Шаҳритуз, Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз, шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз ва иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз супурда шуд.
“Субҳи Шаҳритуз”