Main menu

Паёми табрикии раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор ба муносибати 29- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                             Ҳамдиёрони азиз!

        Рӯйдоди аз ҳама муҳим дар ҳаёти кишвар албата дастёбӣ ба истиқлоляти давлатист, ки инак, мардуми шарафманду сарбаланди кишвари маҳбубамон 29-умин солгарди онро ҷашн мегиранд. Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ бо камоли ифтихору сарфарозӣ мардуми  шарафманду сарбаланди кишвари маҳбубамонро бахусус ноҳияи Шаҳритузро самимона ва сидқан табрик мегўям.

        Дар арафаи ба истиқлолият расидани мо бадхоҳони миллати тоҷик бо истифода аз таҷрибаи таърихӣ ва усулҳои озмудаи хеш,  тавонистанд аввал миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовиматҳои сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.

        Вале бархилофи азму талошҳои гурўҳҳои бегонапараст, нерўҳои тундрави дохилӣ ва доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солимфикри ҷомеаи мо роҳи дурусти расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро, ки яке аз орзуҳои деринаи мардуми мо буд ва онро дер боз интизорӣ мекашиданд, интихоб намуданд, ки баъдан ҳаёт дар амал дуруст будани онро собит намуд.

       Зеро мардуми Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дида ва хулосаи даркории хешро бароварда буданд. Маҳз аз ҳамин хотир сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург дошта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонию имонии ҳар яки мо ва тамоми халқи кишвари азизамон мебошад.                                                

        Пеш гирифтани роҳи тозаи сиёсӣ, низоми демократӣ ва муносибатҳои нави иқтисодӣ ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, рушди тадриҷиву бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин раванди созандагиву бунёдкориҳо қадамҳои устувор гузорем ва имрўз дилпурона гуфта метавонем, ки дар ин роҳ ба хеле дастовардҳо ноил гардидаем ва гардида истодаем.

        Вазифаҳои асосии ин давра вусъатбахшии пайгиронаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва бо   ҳамин роҳ паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии шоиста барои мардум мебошанд.

       Дар ин лаҳзаҳои муносибу мувофиқ мехоҳам қайд намоям, ки мардуми меҳнаткашу сарбаланди ноҳия   таҳти сиёсати пешгирифтаи  Сарвари давлат дилпурона қадам ниҳода, дар 29 соли Истиқлолият ба дастовардҳои назаррас  ноил  гаштаанд.

       Имрўз мардуми ноҳия  аҳлона ва дар фазои  сулҳу субот, дўстиву якдигарфаҳмӣ  меҳнат намуда, баҳри сохтани иншоотҳои иҷтимоии хизматрсонии гуногун дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва нуқтаҳои савдо, сохтани роҳу роҳравҳо, бунёд намудани гулгаштҳо, сохтани майдончаҳои варзишӣ ва амсоли инҳо дар  ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шуда, симои ноҳияро ободу зебо гардонида истодаанд.

                   Ҳамдиёрони гиромӣ!

       Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии ноҳия таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар ноҳия аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағҳои даркорӣ равона карда шудаанд.

       Тарбияи  ватанпарастии ҷавонон,  дастгирии иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, маърифату ҷаҳонбинии онҳо ҳамеша дар  мадди  назари роҳбарияти ноҳия қарор дорад.

       Дар баробари дастовардҳои хуби ҷавонон, ҳастанд ҷавононе, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда ҳаёти худ ва ҳамаслакони худро дар хатар мемонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  дар якчоягӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши  ноҳия саъю талош меварзем, шаҳрвандони ноҳия аз он ҷумла ҷавонон ва наврасон, ки нерӯи ақлию зеҳнии имрӯзу ояндаи ин сарзаминанд, ба роҳи дуруст ҳидоят гардида ба ҷои гаравидан ба гуруҳҳои ифротгароию террористӣ дар ватани хеш илмҳои гуногунро омӯхта, дар корҳои бунёдкорӣ ва ободонию созандагӣ бештар саҳмгузор бошанд.

       Омили дигаре, ки ҷомеаи моро зери ташвиш қарор додаст ин даст ба зуҳуроти бегонапарастӣ яъне пушидани либосҳои ба тамадуни мо бегона, рафтору кирдорҳои ба рукнҳои миллии мо бегона мебошанд, ки ин хоси ҷомеаи мо набуда аз авҷгирии зуҳуроти бегонапарастӣ дар ҷомеа хабар медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки барои аз байн бурдани фазои холигии байни ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода барад

       Дар охир ҳамаи шаҳрвандони азизу сарбаланди ноҳияи Шаҳритузро   ба ифтихори 29- умин  солгарди бузургтарин ҷашни миллӣ-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Шумо сулҳу оромӣ, рўзгори осуда, хушбахтиву иқбол ва барори кор орзумандам.

       Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз