- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Рамзи олии ватану ватандорӣ
Чор, 09/09/2020 - 09:25
Мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла сокинони ноҳияи Шаҳритуз ҷашни бузург ва таърихии миллат 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд менамоянд. Дар тамоми давраҳои маҳрумият аз давлатдории худ, халқи соҳибтамаддуну фарҳангдўсти тоҷик, ҳуввияти баланди миллӣ ва руҳияи истиқлолхоҳӣ дошт, зеро ғояи истиқлолият дар шуури миллӣ ташаккулу такомул ёфта, мақоми хоса пайдо намуда буд.
Имрўз халқи Тоҷикистон сиёсати оқилонаю хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати рушди босуръати иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ободию шукуфоии кишвари азизамон пазируфта, дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил, истиқлолияти миллӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти кишварамон бо азму ғайрати бепоён меҳнат карда истодаанд. Бо ибрози Пешвои миллат «Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро, барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодани мардумамонро ба роҳ монем».
Ба андешаи мо дар баробари ин, барои ҳар як фарди кишвар иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, маърифати баланду огоҳии сиёсӣ, худшиносиву эҳсоси ватандорӣ имрўз аз ҳарвақта дида, бештар зарур ва муҳим мебошад.
Фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ, ватандўстиву ватандорӣ яке аз рукнҳои асосии ташаккули давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ буда, ҳар як ватандўстро водор месозад, ки ифтихор аз ватан, миллат, таъриху мероси фарҳангӣ дошта бошад ва ба арзишҳои умумибашарӣ, дастовардҳои фарҳангии халқу миллатҳои дигар, пешрафти илму техникаи муосир эҳтиром гузошта, аз онҳо баҳра бардорад ва ба манфиату пешрафти Тоҷикистон равона созад.
Мебояд насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем. Онҳо бояд шахсони бомаърифат, эҷодкор, номбардори миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд. Тоҷикистонро ҳамчун модари азиз худ дўст доранд, аз он ифтихор кунанд ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Имрўз мо шукронаи онро мекунем, ки дар мамлакатамон марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ва эҳёи иқтисодии кишвар, таҳкими истиқлолияту амнияти иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангии он қуввату инкишоф ёфта истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои дар кишвар пойдор гардидани сулҳу субот, дўстию рафоқат, ҳамдилӣ ва ваҳдати миллӣ заҳматҳои зиёд кашидаю бо қатъият талош меварзанд.
Мо бояд шукри даврон карда, ба қадри заҳматҳои дар роҳи таҳкими сулҳу ваҳдат, беҳбудии рўзгор ба харҷ додаи Роҳбари давлат бирасем, дар атрофии ў бештару зичтар муттаҳид гардида, баҳри ҷомаи амал пўшонидан ба мақсад ва ниятҳои неку наҷиби ин фарзанди арзандаи миллат нерў, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем.
Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омўзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Итминон дорам, ки мардуми тамаддунофари мо, аз он ҷумла сокинони меҳанпарасту меҳнатдўсти ноҳияи бостонии Шаҳритуз низ таҳти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба дастовардҳои бузург, рушду нумуъ, шукуфоӣ ва дигаргуниҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардидан, минбаъд низ меҳнати пурсамару аҳлонаро ба роҳ мемонанд.
Меҳринисо Раҷабзода,
муовини раиси ноҳия