Main menu

Кабирии хиёнатпешаро маҳкум менамоем

      Мо як гуруҳ ҷавонони ноҳияи Шаҳритус аз он ифтихору сарафрозӣ менамоем, ки дар як мамлакати озоду обод ва пайваста рушдкунанда кору таҳсилу зиндагӣ карда истода, аз мушоҳидаи корҳои ободгароёнаву бунёдкорона дар саросари кишвар хушҳол шуда, мо низ ба қадри имкон кўшиш менамоем, бо таҳсилу меҳнати арзандаи хеш баҳри ободии диёри биҳиштосоямон  ҳиссагузорӣ намоем.

     Мутаассифона, чунин ободию пешравиҳои босуръати ҷумҳурии азизамон ба душманони миллат ва фарзандони хиёнатпешаю бегонапарвари ин сарзамин чун хор халида, онҳо бо ҳар роҳу васила мехоҳанд сафедро сиёҳ нишон дода, комёбию пешравиҳои роҳбарияту мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлолро  нодида гирифта, сарзамини нозанини моро, ки амнтарин давлат дар минтақаю ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ба ҷаҳониён чун давлати қашшоқу қафомонда ва сиёсати роҳбарияти онро диктотурӣ маънидод намоянд.

       Яке аз чунин шахсиятҳои намакношинос ва дастнигари хоҷагони хориҷӣ,  собиқ раиси ҲНИ-и террористии эълоншуда ва дар айни замон раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), Муҳиддин Кабирӣ мебошад.

        Мо бо  сӯҳбати онлайние, ки бо ташаббуси “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баргузор гардид ва М.Кабирӣ дар он баромад кард, бо диққат шинос шуда, аз муҳтавои суҳбати ў дар ҳайрат афтодем.

      Ў зимни баромаду суханрониаш аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки гарчанде «Ҳукумати Раҳмон»  фаъолияташро бо усулу шеваи «диктотурӣ» пеш мебараду зулму шиканҷа дар кишвар зиёд аст, вале давлатҳои абарқудрат ва кишварҳои қитъаи Аврупо ҳамаи инро нодида гирифта, ҳамкориро бо ў, яъне бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома мебахшанд.

      Ҳамин тариқ, ў аз собиқ мухолифини ба ном сифоизаи дар Ҳукумати Тоҷикистон шомил шуда, террори Данғара ва ғайра ёдовар шудаю ҳасрат намуда, сари суҳбатро ба интихоботи қарибулвуқуии Президентӣ дар Тоҷикистон тоб дода, аз иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корзори интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронию ташвиш намудааст.

      Мо ба Муҳиддин Кабирӣ - ҳамватани хиёнатпешаи дасисабоз гуфтанием, ки «аёнро ҳоҷат ба баён нест», ё худ «офтоб омад далели офтоб». Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои муаззами тоҷикону тоҷикистониёнро аҳли ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун роҳбари муваффақ ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хуб мешиносанд, қадр мекунанд ва чандин корҳою пешниҳодҳои ибратомўзу манфиатоварашро дар сатҳи байналмилалӣ дастгирию ҷонибдорӣ намудаанд.

    Аз ҷониби дигар хурду калони кишвар, хизматҳои содиқонаю ҷоннисоронаи Пешвоии воқеии худро дар самти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, рушди босуръати   маорифу фарҳанг,  саноату нақлиёт, иқтисодиёту иҷтимоёт, ғамхории пайваста нисбати қишрҳои осебпазири ҷомеа аз он ҷумла, пирону ятимон, маъюбон, дастгирии ҷавонону занон ва ғайра эҳсос намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан эҳтиром менамоянду дўст медоранд.

      М.Кабирӣ норозиёна иқрор мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии президентӣ дар байни дигар номзадҳо барандаи асосӣ маҳсуб меёбад.

    Воқеан гарчанде  ин иддаоро баргузории интихобот маълум менамояд, вале шумо «оқои Кабирӣ» бо ин суханҳоятон аллакай ба Ҷаноби Олӣ баҳои муносиб додед. Шумо худ хуб ҳам медонед, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ аз обрўю нуфузи баланд бархўрдор аст. Воқеан дар саросари кишвар Эмомалӣ Раҳмонро  барои ҷавонмардию ватандўстиаш, барои якрўю якмаром, инсони қавлу амал, дилсўзи халқ буданаш, самимона дўст медоранд, эҳтиром мекунанд, бо ў ва сиёсати созандаю адолатпарваронааш ба ояндаи дурахшони миллату Меҳан  бо эътиқоду боварии комил менигаранд.

     Ва  шумо Кабирӣ фаромўш накунед, халқ нерўи бузург асту ҳаргиз хато намекунад. Агар шумо ҳам ба монади Пешвои муаззами миллат барои миллату давлати худ беғаразонаю  содиқона ва самимона хизмат мекардед, чун Эмомалӣ Раҳмон гули сари сабади тоҷикистониён ва азизи ҳар хонадон мешудед. Хулосаи андешаи мо ин аст, ки шумо бо дасиса ва  суҳбату суханрониҳои  душманонаю иғвоангезонаатон  аз обрўи иззати ҳамдиёрон  маҳрум шуда, дар дилу дидаи мардум чун  ҳамватани   разилу хиёнатпеша   ва кўрнамак боқӣ мемонед!!!

Абдумаҷид Зоитов

Баҳриддин Ҷабборов

Файзиддин Қиёмов

Миёна: 5 (2 votes)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз