- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Қаллоб дар кофтукоб
Пан, 10/15/2020 - 15:40
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович бо аризаи шикоятӣ нисбат ба кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, санаи таваллудаш 15-уми майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, муроҷиат карданд.
Баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон дод, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 % фоида хоҳад дод. Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.
Ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.
«Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Садурдинов Муҳаммадиқбол Қаландарович аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва кофтукови расмӣ эълон карда шуда, тафтишоти пешакӣ бо он идома дорад.».
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, дар сурате, ки аз рафторҳои қаллобии Садуридинов М. ҷабр ё зарар дида бошанд, метавонанд ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ