Main menu

Ифротгароӣ падидаи хатарноки ҷомеа.

Наҷоти инсон дар хондан аст, танҳо хондан ба қуллаҳои мурод мебаранд. Аз хониш маърифати фарҳанг инсон рушд меёбад.Барои   инсон хондан ва ҷустуҷуйи илму дониш  хислаи хуб ба шумор рафта, аз худ, аз ҷомеа аз миллату давлат огоҳӣ медиҳад.

Вагарна ҳар касе хоҳад туро чун бозича  истифода мебарад. Шояд Аттории Нишопурӣ ба ҳамин мақсад гуфта бошад.

 

Маърифат ҳосил кун, эй ҷони падар,

Баъд биёбӣ аз худои  худ хабар.

 

Асри ХХ1 асри пешрафти технологияи муосир ба ҳисоб меравад ва ба инсоният фароҳам меоварад, ки  дар ҳар вакту соат аз шабакаҳои интернет, компютер, аз навгониҳои технологияҳои навин бархӯрдор бошад. Имрӯзҳо боиси таасуф аст, к ибо доро будани маърифату маданияти баланди тоҷику тоҷикистонӣ, фарзандони неруъманд, ки бо ашъори худ Тоҷикистони офтобрӯи моро муаррифи мекунанд аз маърифату маънавиёти волои мардуми мо  дурр афтодаанд, дурр аз Ватан бо андешаи ҷиҳоду ҷиҳодгароӣ дар кишварҳои Мисру Араб ба гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ шомил гаштаанд.

Барои ба даст овардани чизу чора ва маблаѓ ба Падару Модар ва Ватан иснод оварда, даст ба одамкушӣ мезананд. Ин омилҳои номатлуби онҳо ҳамаро ба ташвиш меоварад, оромии суботро дар кишвар ба ташшануҷ меоварад. Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш фармудааст:

 

         Маёзор мӯре, ки донакаш аст,

         Кӣ ҷон дораду, ҷон барояш хуш аст.

 

Пас як мӯре, ки  ҷон барояш азиз аст, ва инсон, ки худовад ӯро офаридаи худ дар рӯи замин қарор додааст, чаро ҷон барояш шиширн набошад?

Инсоне, ки соҳиби ақлу заковат аст, мехоҳад дар ин дунё бо падару модари хеш ва аҳли оилааш тинҷу осуда ва оромӣ умр ба сар барад.

 

 

Мушовири шуъба:                        Хайдарова М

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз