- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Модари Миҷгонаро кушта гуронданд….
Чор, 11/18/2020 - 17:46
Миҷгона ҳамроҳи модараш Мусулмонова Зебӣ дар љамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав зиндагии хурраму осоишта дошт.
Субҳи барвақт модари Миҷгона барои беҳтар гардонидани саломатиаш баҳри гузаронидани сӯзандору ба хонаи ҳамсояаш Одинаев Маҳмурод, ки ҳамсари ӯ Ҳакимова Зубайда бе ваколатномаи махсус ба аҳолии деҳа ҳамчун ҳамшираи тиб дар хонааш хизматрасонӣ менамуд, рафт.
Бародарону хоҳарони Миҷгона саргарми зиндагии худ буданд, ӯ ҳамроҳи модараш танҳо зиндагӣ мекард ва пайваста барои ҳалли мушкилоти зиндагиаш дар рӯзҳои қабули шаҳрвандони раиси шаҳри Ҳисор иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рӯзмараашро ҳаллу фасл менамуд.
Азбаски имрӯз низ рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор буд ва Миҷгона аз баъзе масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла нокомии зиндагӣ азият мекашид, мақсади ба назди Раиси шаҳри Ҳисор рафтанро дошта ба он омодагӣ медид.
Дафъаҳои қаблӣ вақте, ки модараш ба сӯзандоругузаронӣ мерафт, дар ним соат сӯзандоруашро гузаронида меомад. Вале ин дафъа соатҳо гузашта буду аз модари Миҷгона хату хабар набуд.
Дили Миҷгона оҳиста-оҳиста ба мисли оташи ба ҳезуми тар афтода, ки аввал хушк карда баъдан аланга зада месӯзад, ба ҷўш задан даромада, аз модар нигаронӣ мекард.
Дар ҳамин ҳол нафаре дари хонаро кушода, саросема ба ҳуҷра даромад. Миҷгона гумон бурд, ки шояд модараш бошад ва бо нияти сабаби дер омадани ӯро пурсидан ба ҳуҷраи модар даромада дид, ки ҷавоне палтои модарашро, ки субҳ ҳангоми гузаронидани сӯзандору дар тан дошт, партофта зуд аз хона берун шуд.
Оташи ба дили Миҷгона афтода аланга гирифту ӯ ба хонаи ҳамсоя давид, ҳангоме ки вориди хона шуд манзараи даҳшатнокеро дида, қариб аз ҳуш мерафт.
Модараш нимурён дар байни хона хоб буду дар болои сараш зани сӯзандоругузарон Ҳакимова Зубайда ҳамроҳи шавҳараш Одинаев Маҳмуроду писараш Ризоев Шайхмуслињиддин ва ду нафар ҳамшираи тиб гуфтугӯ доштанд.
Гарчанде ҳамшираҳои тиб аз вазнинии саломатии бемор, ки шояд дар сакароти мавт қарор дошт, нигаронии зиёд дошта бошанд ҳам, шавҳари зани сӯзандоругузарон Одинаев Маҳмурод гуё ҳеҷ чиз нашуда бошад, бепарвоёна ҳамшираҳои тибро ором кардан мехост.
Миҷгона чунин вазъиятро дида, худро дошта натавонист ва беихтиёр ашк аз чашмонаш ҷорӣ гардида, дасту пойҳояш аз тарсу ҳаррос ба ларза даромаданд. Ин манзара ба чашми ӯ бисёр даҳшатангез намудор мешуд, зеро барои ӯ модарашро дар чунин вазъият дидан бисёр душвор буд. Охир вай дар зиндагӣ танҳо ягона дастгир ва маслиҳатгараш буд.
Ӯ то як муддат чизе гуфта натавонист ва аз ҳаракат боз монд, сипас, гӯё рӯҳаш ба танаш дубора баргашта доду фарёд мезад, ки модари мо чї шуд? золимон ба модарам чӣ кардед? чаро модари ман дар чунин ҳол аст? охир вай бо пойҳои худаш омад ку…
Ҳамшираҳои тиб гуфтанд, ки зуд ӯро ба беморхона бурдан даркор, вагарна беморро аз даст медиҳем.
Шавҳари сӯзандоругузарон Одинаев Маҳмурод бепарвоёна «ҳе ҷиз нашудааст»- гуфт.
Аммо Миҷгона бо гиряву зорӣ фиғон бардошт, ки зуд модарамро ба беморхона баред.
Сипас модари Миҷгонаро ба мошин савор карда, ба беморхона бурданд.
Вақте модарро ба беморхона дароварданд, Миҷгонаи бечора бо дасту пои ларзон ва ҳолати канда, барои гирифтани лавозимоти зарурӣ ва огоҳ намудани хешу табор ба хона баргашт.
Мувофиқи гуфтаи духтурон модари Миҷгона ҳангоми ба беморхона овардан алакай ҷон дода буд.
Хулоса, Миҷгона ҳангоми ба беморхона омадан аз марги модараш огоҳ шуда, доду фарёд бардошт.
Мурдаро ба хона бурданд, Миҷгонаи бечора доду фарёдкунон барои гусели ягона ҳамнафас, ҳамдард, дастгир, маслиҳатгар ва ёвараш омодагӣ медид ва умед дошт, ки тибқи тартибот як шом модари азизашро дар хона меҳмондорӣ намуда, барояш сураҳои қуръонӣ мехонад ва баъдан ба хонаи абадӣ гусел мекунад.
Валекин, золимони бераҳм Одинаев Маҳмурод, шавҳари зани сӯзандоругузарон Ҳакимова Зубайда бо писараш Ризоев Шайхмуслињиддин барои фош нагаштани сабаби марги модари Миҷгона ва ба санҷиш набурдани майит саросема қабрканонро ба оромгоҳ даъват карда, хонаи охирати модари Миҷгонаро омода намуда, нагузоштанд, ки Миҷгона модари майиташро ақалан як шом меҳмондорӣ намояд.
Ҳарчанд, Миҷгона доду фарёд мекард, ки модарамро набаред, ақалан як шом истад, аммо золимон бо баҳонаи майитро дар хона нигоҳ доштан хосияти хуб надорад гуфта, модари Миҷгонаро бурда гўронданд.
Миҷгонаи аз ғами модар синааш чок ва дилаш пора-пора гашта, доду фарёдкунон бо дару девор ва нишонаҳои модараш сухан мегуфт.
Ба дарди зиёд ва кардаҳои ҳамсояаш -оилаи Одинаев Маҳмурод дилаш тоб наоварда, ба Прокуратураи шаҳр барои муайян намудани сабаби марги модараш омад.
Додситони шаҳр Миҷгонаро бо диққат гӯш карда, фаҳмонид, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ ариза намояд ва барои баррасии ариза модарашро аз қабр берун овардан лозим аст.
Миҷгона гирёну зорон барои маслиҳатпурсӣ ба назди хоҳарону бародаронаш рафт.
Фарзандон ба хулосае омаданд, ки ҷасади модари мурдаашонро дубора аз қабр набароранд, зеро хосияти хуб надорад.
Хулоса, Одинаев Маҳмурод ҳамроҳи фарзандонаш ва ҳамсараш бо вуҷуди оне, ки сабабгори марги модари Миҷгона шудаанд, гуё барқасд ба оилаи онҳо кӯмак расонида бошанд, худро сафед менамуд.
Дар ҷомеа низ Одинаев Маҳмурод, ки худ оилаи солим надорад, сабабгори нооромию саргардонии садҳо нафар гашта, бо иғвову дасисаҳо ва ҳиллаҳояш садҳо оилаҳоро пароканда намуда, зиндагии орому осудаи онҳоро хароб намудааст.
Хонандагони гиромӣ!
Дар оянда боз аз иғвою дасиса ва ҳиллаҳои Одинаев Маҳмурод мақолаҳо ба табъ расонида, дар асл чи гуна шахс будани ӯву аҳли оилаашро ба Шумо равшану возеҳ менамоем.
Ҷабборов Хуршед, сокини деҳаи Хаёти Нави ҷамоати Ҳисор