- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Таъмини амният дар сархати масъалаҳои мубрами рӯзи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
Ҷум, 02/23/2018 - 16:06
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, соле, ки сипарӣ гашт, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ намуда, аз он ҷумла чунин иброз доштанд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худи ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгарро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.”
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии ноҳияи Шаҳритуз бахусус шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои корӣ имрӯзҳо тибқи нақшаи корӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва маҳалҳои дурдасти ноҳия бо мардум роҷеъ ба масоили мубрами рӯз, пойдории ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ки амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад дидору мулоқотҳо доир намуда истодаанд.
Зимни мулоқоту вохуриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҷониби гуруҳҳои корӣ таъкид карда мешавад, ки ноҳияи Шаҳритуз ноҳияи сарҳадӣ буда бо давлатҳои дигар аз он ҷумла бо давлати исломии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад. Вазъи ноороми Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати авввалиндараҷа диҳем. Аз ҷониби дигар ба аҳли ҷомеа ва ба падару модарон ва омӯзгорон фаҳмонида мешавад, ки барои аз ноҳияи осебпазир берун намудани ноҳияи Шаҳритуз бо фарзандон, наврасону ҷавонон бештару беҳтар ҳамкорӣ намуда барои дар оянда шомил нашудани онҳо ба сафҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористию иртиҷоӣ тадбиру чораҳои муассир андешанд.
Мавриди зикр аст, ки рӯзи 19 феврали соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз мулоқоти раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шаҳритуз бо сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир гардид. Дар назди ҳозирин раиси ноҳия муҳтарам Р.Оймаҳмадзода ва Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шаҳритуз Қ. Давлатов баромад карда, қайд намуданд, ки бояд кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ тақвият дода шуда, баҳри ташаккули ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии ҷавонон аз ҷониби аҳли маориф эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Инчунин дар мулоқот зикр гардид, ки барои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу гурҳҳои ифротгароӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба воситаи рӯзномаҳои деворӣ дар муассисаҳои таълимӣ, рӯзномаи ноҳиявӣ, сомонаи интернетии раиси ноҳия ҷоннок намуда, худи омӯзгорон ҳам матлабҳои таҳлилӣ омода кардаю ба чоп расонанд. Хулоса ба ҳамагон лозим меояд, зиракии сиёсиро аз даст надода барои таъмину пойдории амният ва сулҳу субот дар кишвар пайваста талош варзида бо рафтору кирдор ва сухану амал ҳамқадами замон бошанд.
С. Лоиқов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия.