Main menu

Сарбозону афсарони содиқи Ватан, ҳозирини гиромӣ!

   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рукнҳои асосӣ ва устувору қавии давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон буда, баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тозабунёди миллии мо бо мақсади ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр  ташкил гардида, дар зарфи 25 сол роҳеро тай кардааст, ки пур аз саҳифаҳои шуҷоат, далерӣ ва қаҳрамонӣ аст. 

      Дар ин лаҳзаҳои ифтихорӣ Шумо - собиқадорон, хизматчиёни ҳарбӣ ва тамоми афсарону низомиёни ин рукни муҳими давлатиро ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон    самимона  табрик намуда, бароятон сарбаландиву рузгори обод ва дар роҳи таҳкими ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият азму суботи    комилро орзу менамоям.

     Мову Шумо хуб дар ёд дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сарфи назар аз мавҷуд набудани заминаҳои моддию техникӣ, нарасидани кадрҳои касбии ҳарбӣ ба хотири пешгирии хатари аз байн рафтани миллат ва давлати навташкил аз ҳисоби имконоти маҳдуди дохилӣ ташкил ёфт. Ягона чизе, ки давлату миллат ба он эътимоду боварӣ дошт, ин ҳисси ватанпарварӣ ва омодагии ҷавонмардони шуҷои ватан барои ҳифзи халқу ватан буд. Яъне метавон гуфт, ки Артиши миллии мо фаъолияти худро бо таҷрибаи ночиз, вале масъулияти ниҳоят баланд оғоз намуда, хушбахтона бо таваҷҷуҳ, ибтикор ва азми ватансозии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи ду даҳсолаи охир ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфтааст. Имруз дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари мо ҷавонони содиқу қавиирода, ватандусту ватанпараст бешумор буда, қодиранд, ки    амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми ватанамонро пурра таъмин намуда, қудрату тавоноӣ ва омодагии ҳарбии худро дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳар гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит намоянд.

    Воқеан, онҳое, ки аввалин шуда дар вазъияти ҳамонвақта ба артиши навташкил даъват шуданд, хуб дарк мекарданд, ки ду роҳ дар пеш истодааст: ё аз тарсу ҳарос худро дар канор гирифтан ва ё фидокорона ҳатто ба ивази ҷони ҷавони худ Модар-Ватанро аз хатари нестшавӣ эмин доштан. Ҳар касе, ки шарафу номус дошт, роҳи дуюмро интихоб намуд ва номи худро дар саҳифаҳои муқаддаси роҳи ватандорӣ абадан сабт намуд.

    Зимнан ба афсарону аскарон ва низомиёни имруза пешниҳод карда мешавад, ки ҳама хислатҳои поку инсонии падарону бародарони худро омузанд ва дар зиндагӣ татбиқ намоянд.

-Якум, ба супориши халқу Ватан ҳамеша омода будан

-Дуюм хизмат намуданро қарзи бевоситаи шаҳрвандӣ ҳисобида, онро ба касе миннат накардан.

    Таъкидан изҳор менамоям, ки ҷонфидоию диловарӣ ва далерию мардонагии Шумо ҳамеша қадр карда мешавад ва бо гузашти вақт маъниҳои амиқтар касб намуда, барои фарзандону наберагони миллати шарафманди тоҷик намунаи олии мактаби мардонагӣ арзёби мегардад. Дар ин замина Шумо афсарон бо маҳорати баланди касбӣ месазад садоқати худро ба халқу давлат нишон дода, ба боварии ватан сазовор шавед. Барои он ки мардум бо хотири ҷамъ ба корҳои ободию созандагӣ машғул шавад, бояд аз муҳофизони кишвар дилпур бошад ва дар симои ҳар яки Шумо ҳомӣ ва такягоҳи боэътимодро бубинад. Аз ин ру, ба хотири ба ҷо овардани боварии халқ неруҳои низомии мо бояд пайваста ташаккул ва такомул дода шаванд, маҳорати касбӣ ва сатҳи тарбияи ватандустии хизматчиён мунтазам баланд бардошта шавад.

     Афсарону сарбозони қавиирода!

Артиш бояд яке аз воситаҳои асосии ба ҳам наздик сохтани ҷавонони минтақаҳои гуногун ва омили аслии ваҳдату ягонагӣ гардад. Зеро таҳаввулоту ҳодисоти дар кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон баамаломада моро ҳушдор медиҳанд, ки беш аз пеш ин ватанро дуст дорем, барои ҳифзи  дастовардҳои он пайваста дар талошу андеша бошем ва ҳар рузу ҳар соат муҳофизи боэътимоди давлат будани худро  собит намоем. Зеро дар марҳалаи торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷавонони бонангу номуси ватан аст.          

    Артиши миллии тоҷик, ки зодаи даврони истиқлолият мебошад, вазифадор аст, ки пеш аз ҳама дастовардҳои ин неъмати пурарзиш ва дигар арзишҳои миллиамонро устуворона ҳифз намояд. Зеро амнияти давлату миллат ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобастагӣ дорад. 

    Ноҳияи Шаҳритуз, ки ҳаммарз ба ду давлатҳои ҳамсоя - Афғонистон ва Узбекистон аст,  хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии мо вазифадоранд, ки пеш аз ҳама дар ҳифзи сарҳади давлатӣ,  риояи қонун ва тартибот, сатҳи маҳорат ва омодагии ҷангӣ намунаи ибрат бошанд. Афсарони қисмҳои низомии мо набояд аз комёбиҳои бадастомада қаноатманд шуда, ба хотирҷаъмӣ роҳ диҳанд. Баръакс,  ҳамеша аз пайи чустуҷуи роҳу усулҳои азбар намудани тактика ва стратегияи ҳарбӣ шуда, дониши худро ҳамеша такмил диҳанд ва истифодаи техникаи нави муҳорибавиро дар сатҳи меъёрҳои муосир азхуд кунанд. Бо ин мақсад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади баланд бардоштани муҳаббати ватандории афсарону сарбозон диққати махсус зоҳир намуда, дар қисмҳои низомӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатию тарбиявӣ ва фарҳангию варзиширо пайваста доир намуда, ба ин васила ифтихори миллии онҳоро бедор менамояд. Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат  дар Паёми навбатиаш қайд намуданд, ки бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат  соли 2017-ро   Соли ҷавонон эълон намудем. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон  нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафакури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва бо иродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда , дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар ин раванд зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созандаи хеш бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода , дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳббамон саъю кушиш намоянд.

Зеро Пешвои миллат зимни ироаи ҳар як Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид менамоянд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар давру замон кафили рузгори осоишта ва бофароғати ҳар шаҳрванди кишвар буда, Артиш барои насли наврас мактаби бузурги мардонагӣ ва обу тоби ҳаёт аст. Дар ин робита   ин суханони ифтихории Пешвои миллат дар зеҳну шуури Шумо ҷавонону афсарон бояд ҳамеша чархгардон бошад ва дар сафи ҳайати шахсии ҳар як қисму воҳидҳои низомӣ ҳомиёни боэътимоди ватан ба камол бирасанд. 

Афсарону ҳомиёни ватан!

     Хизмат дар сафи артиши мамлакат ин арзи садоқат ба Ватан - модар, давлати тозабунёди соҳибистиқлол, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз манфиати фардӣ боло гузоштани манфиати давлатро пайваста тақозо дорад. Мусаллам аст, Артиши милли мо бо таъмини ин омили натиҷабахш барои рушди минбаъдаи давлатдории миллати худшиноси тоҷик асоси воқеӣ гузошт ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи хизматчиёни низомӣ заминаи боэътимод гардид. Дар ҳамин замина метавон гуфт, ки Шумо -  ҳомиёни ватан дар баробари дигар қисму воҳидҳои низомии мамлакат барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву  низомӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм фидокориву мардонагии зиёд нишон дода, дар ин самт устуворона ҳушёрию зиракии сиёсии худро  давом дода истодаед. Фаромуш набояд кард, ки агар либоси низомӣ ороиши зоҳирии Шумо бошад, ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ бояд зебогии ботинии Шумо бошад. Хизмат ба халқ, саъю кушиши пайваста ба хотири ҳифзи истиқлолият, якпорчагии қаламрави Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати тамоми сокинони он ва дастгириву пуштибонии сулҳу оромӣ бузургтарин вазифа ва муқаддастарин қарзи ҳар кадоми мову шумост. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол медонад, набояд лаҳзае  ин вазифаи бузург  ва қарзи ватандории худро фаромуш кунад. 

     Зеро Артиши милли Тоҷикистон ҳомии сулҳу субот буда, якпорчагии давлат барои мардуми мамлакат дастоварди аз ҳама арзишҳо муҳим арзёбӣ мешавад. Тамоми сокинони кишвар имруз дар симои Қувваҳои мусаллаҳ муҳофизони фидокори марзу буми кишвар ва ҳомиёни сазовори худро мебинад. Ҳамин омил аст, ки имруз муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи ибратомуз, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолият ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ғояи асосии давлати миллии моро ташкил додааст.  Дар ҳамин замина кишвари тозаистиқлоли мо низ ба суи ояндаи наздику дур ба умеди хушбахтию ободиҳо назар медузад. Мо бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори низомии кишварро неруманд гардонида, дар мубориза бар зидди ҳама гуна таҳаввулоти сиёсии ҷаҳонӣ дар сафи пеш истодагарӣ менамоем. Ин пеш аз ҳама хизмати содиқонаву софдилонаи Шумо - фарзандони шуҷои ватан дар самти ҳифзи марзу буми кишвар ва  музаффариятҳои Тоҷикистони азиз аст. Аз ин ру, ҳар яки мо вазифадорем, ки ҳар як амали худро бо номи Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва халқи шарифу заҳматкаши он анҷом диҳем, ба амалисозии ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолият, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон  аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. 

            Бо арзи эҳтироми  бепоён бори дигар Шумо - афсарону низомиёни қавииродаро бо санаи бузурги таърихӣ 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бароятон саломатӣ, сарбаландӣ ва саодати рӯзгору барори кор орзу менамоям.

 

Идатон муборак ҳомиёни  далери Ватан!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз