- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Тантана
Пан, 03/01/2018 - 09:29
Рузи -23-юми феврали соли 2018 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, намояндагони афсарону сарбозони қисмҳои низомии 0305, 02214, мақомоти ҳифзи ҳуқуқуқ, ҷавонон ва қишрҳои дигари ҷомеаи ноҳия бахшида ба ифтихори 25-умин солгарди таъисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар назди ҳозирин раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон баромад карда, аз таъсису фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Артиш дар таъмини сулҳу суббот дар кишвар сухан ронда, ҳамаи афсарону сарбозон ва сокинони ноҳияро бо таҷлили 25-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфт.
Сипас аз ҷониби мутахассиси пешбари бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз Фарангиси Амрохон Амри раиси ноҳия дар бораи мукофотонидани иддае аз сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии №02214 ва №0305 бахшида ифтихори 25-умин солгарди таъисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои хизмати арзанда ба халқу Ватан, ҳиссагузорӣ дар таъмини сулҳу суботи кишвар ва содиқ будан ба савганди ҳарбӣ қироат гардида, беҳтарин афсарону сарбозони қисмҳои низомии мазкур бо Ифтихорномаи раиси ноҳия сазовор гардонида шуданд.
Дар ҷамъомади ботантана аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳия раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия Саймуддин Лоиқов бо медали ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии таъисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як идда роҳбарону масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо Ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.
Дар охир ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди консерти идона табъу хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.